Толибон мегӯянд, ба зудӣ дар марзҳо нерӯҳои вижаро ҷо ба ҷо мекунанд

© AFP 2021 / WAKIL KOHSARПредставитель Талибана Забихулла Муджахид (в центре) обращается к СМИ в аэропорту Кабула
Представитель Талибана Забихулла Муджахид (в центре) обращается к СМИ в аэропорту Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2021
Вазорати умури дохилии ҳукумати толибон мегӯяд, ба зудӣ нерӯҳои вижаи худро ба марзҳои Афғонистон интиқол медиҳад
ДУШАНБЕ, 28 ноя – Sputnik. Толибон ният доранд, нерӯҳои вижаро дар марзҳои ин кишвар ҷо ба ҷо кунанд, хабар медиҳад агентии "Бохтар".
Ба иттилои манбаъ, Шермуҳаммад Шариф, раиси нерӯҳои марзбонии Вазорати умури дохилии толибон дар ҷараёни боздиди худ аз ноҳияи марзии Спинбулдак дар Қандаҳор гуфтааст, ки ба зудӣ нерӯҳои вижаро дар марзҳои Афғонистон ҷо ба ҷо мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, толибон ба марзҳои Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд.
Делегация талибов в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2021
"Ба мардуму ҳукумати нав хидмат кунед": Толибон шарти масдуд накардани сафоратҳоро гуфтанд
Дар пайи суқути Ҳукумати Афғонистон ба дасти толибон борҳо гузориш шудааст, ки нерӯҳои Покистон ва Эрон вориди Афғонистон шудаанд, аммо толибон ин хабарҳоро рад кардаанд.
Толибон пас аз он ки Амрико дар баҳори соли ҷорӣ эълом кард, нерӯҳои мусаллаҳи худро аз Афғонистон берун мекунад, амалиёти густурда барои ғасби ҳукумат дар ин кишварро оғоз карданд.
Рӯзи 15-уми август толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва президент Ашраф Ғанӣ ин кишварро тарк кард. Рӯзи 6-уми сентябр Толибон эълон карданд, ки тамоми қаламрави Афғонистонро таҳти назорат қарор додаанд ва 7 сентябр ҳайати ҳукумати муваққатро эълон карданд, ки то ҳол аз ҷониби ягон давлат эътироф нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала