Бердимуҳаммадова чӣ гуна аст: акси бонуи аввали Туркманистон интернетро "тарконд"

© AK Parti / TwitterПрезиденты Туркменистана и Турции с супругами
Президенты Туркменистана и Турции с супругами - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2021
Президенти Туркманистон бори нахуст ҳамроҳи бонуи аввали ин кишвар дар акс зоҳир шуд
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Бори аввал дар расонаҳо акси бонуи аввали Туркманистон Огулгерек Бердимуҳамедова пайдо шуд. Тасвирро нашрияи "Sondakika" нашр кардааст. Пеш аз ин ҷаҳон намедонист, ки зани президенти ҷумҳурӣ чӣ гуна аст.
Бонуи аввали кишвар ҳангоми зиёфати ташкилкардаи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон, пас аз мулоқот бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия ба дурбини аксбардорон афтод.
Қаблан наворбардоре, ки навори ҷашнро гирифта буд, махсус ба ҳамсари раисҷумҳури Туркманистон таваҷҷуҳ накарда буд.
Дар зиёфат ба ҷуз сарвари Туркия ҳамсараш Амина Эрдуғон низ ширкат дошт.
Зироат Мирзиёева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2019
Зироат Мирзиёева ҳамсари президенти Кореяи Ҷанубиро ба сӯҳбати мардум бурд
Баъдтар оилаи Бердимуҳаммадовҳо бо меҳмонон барои хотира аксбардорӣ карданд. "Sondakika" якбора ду расмро пешкаш кард. Дар яке аз онҳо метавон хонуми аввали Туркманистонро бубинед.
Қаблан расонаҳои ҷумҳурӣ ҳеҷ гоҳ акси Бердимуҳаммадоваро нашр накарда буданд. Зимни гузоришҳо сарвари давлатро аксари вақт дар иҳотаи фарзандону наберагон нишон медиҳанд ва ҳамсараш ҳамеша пушти парда меистод.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи гузашта дар Ишқобод 15-умин нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ баргузор шуда буд, ки дар он сарони кишварҳои узви ин созмон ширкат доштанд.
Миёни онҳо руасои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Эрон, Покистон ва дигар кишварҳо низ ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала