Интихоби дигарбораи Володин ба мақоми роҳбари Ассамблеяи парлумонии СААД

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузаштан ба хазинаи аксПредседатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин
Председатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2021
Вячеслав Володин аз тариқи раъйдиҳӣ дигарбора ба мақоми роҳбарии Маҷмаи парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ интихоб шудааст
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Интихоботи раиси Маҷмаи парлумонии СААД дар ҷаласаи пленарӣ баргузор шудааст.
Иштирокдорон бо як овоз ба ҷонибдории Вячеслав Володин раъй дода, ӯ мақоми роҳбарияшро дар Ассамблеяи парлумонии СААД ҳифз намуд, хабар додааст дафтари матбуотии Думаи давлатии Русия.
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2021
Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Шӯрои байнипарлумонии ИДМ
Ба иттилои манбаъ, номзадии Володинро раиси Маҷлиси миллии Арманистон, Ален Симонян пешниҳод кардааст.
"Ҳамкорони гиромӣ, мехоҳам барои дастгириятон изҳори сипос кунам. Ин маро водор месозад, ки масъулияти бештарро эҳсос кунам", - изҳор доштааст раиси Ассамблеяи парлумонии СААД баъди интихоби дигарборааш ба ин мақом.
Маврид ба зикр аст, ки Вячеслав Володин бори аввал ба ин вазифа соли 2016 интихоб гардида, соли 2019 дар раъйдиҳии такрорӣ мақомашро ҳифз намуд. Интизор меравад, ки барои сесолаи оянда низ Володин дар мақоми роҳбари Маҷмаи парлумонии СААД хоҳад монд.
Ассамблеяи парлумонӣ дар доираи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ фаъолият намуда, роҳбарони парлумонҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистонро шомил мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала