“Мирзонабот дар мақомаш монд”: дар Хоруғ чӣ иттифоқ афтод?

© Foto / Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонГород Хорог, центр ГБАО
Город Хорог, центр ГБАО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2021
Обуна шудан
Бо гузашти се рӯз аз оғози гирдиҳамоӣ вазъ дар Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба эътидол омадааст
ДУШАНБЕ, 29 ноя - Sputnik. Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ бо пахши як хабар аз анҷоми гирдиҳамоии сокинони вилоят хабар дод.
Дар матни ин хабар, ки дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифт, омадааст, гирдиҳамоии ғайриқонуние, ки баъди нисфирӯзии 25 ноябр дар шаҳри Хоруғ аз тарафи баъзе гурӯҳҳои манфиатдор оғоз шуда буд, соати 20:00-и 28 ноябри соли ҷорӣ қатъ карда шуд.
Пост при въезде в Горно-Бадахшанскую автономную область - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2021
Дар ВМКБ чӣ гузашт: мақомот аз захмие мегӯянду сокинон "тобут" оварданд
“Масъалаҳои мавриди назар дар доираи салоҳияти мақомоти прокуратура дар ҳамкорӣ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, тибқи қонунгузории ҶТ, санҷиш, арзёбӣ ва ҳаллу фасл карда мешаванд. Тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Хоруғ пурра ба эътидол оварда шуд. Фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ дар хиёбони марказӣ ҳам ба низом даромад. Нуқтаҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ тибқи реҷаи муқарраршуда кори худро идома дода истодаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Амалиёт

Гирдиҳамоӣ дар Хоруғ баъди зуҳри 25 ноябр дар пайи кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков, сокини 29-солаи деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шуруъ шуда буд.
Ҳамон рӯз прокуратураи ин вилоят зимни як баёния эълон кард, ки мавсуф аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - 181, қисми 3 - ғасби гаравгон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ва 189, қисми 3 - барангехтани кинаю адовати маҳалгароӣ муттаҳам мешуд ва таҳти пайгарди расмӣ қарор дошт.
Бино ба ин манбаъ, Зиёбеков бо ҳамдастонаш 1 феврали соли 2020 ёрдамчии додситони ноҳияи Роштқалъа Абирзода А.-ро гаравгон гирифта, дар деҳаҳои Анҷим ва Барҷангали ҳамин ноҳия муддати 8 соат мавриди латукӯбу шиканҷа қарор дода буданд.
Здание администрации города Хорог, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2021
Аз радди даъвати Мирзонабот то ҷароҳати Гиёзода ва тирпаронии навбатӣ - видео
25 ноябр барои боздошти ӯ як гурӯҳ аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ рафт, аммо ӯ муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, аз таппончаи тамғаи "Макаров", ки ғайриқонунӣ дар ихтиёраш қарор дошт, оташ кушодааст.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ низ оташи ҷавобӣ кушода, ӯро захмӣ мекунанд. Бино ба иттилои прокуратура, ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса — таппончаи тамғаи ПМ бо як тирдон ва панҷ адад тир дарёфт шудааст.
Дар ҳамин ҳол наздикони Гулбиддин Зиёбеков ба расонаҳо гуфтанд, ки шеваи боздошти мавсуф ғайриқонунӣ буда, ӯ амдан ба ҳалокат расонида шудааст. Зоҳиран ба ҳамин хотир хешу табор ва наздикони вай бо нишони эътироз тобуташро ба майдони назди ҳукумати вилоят оварда, аз мақомот тақозо карданд, ки муҷримонро ба муҷозот кашанд.

Гирдиҳамоӣ

Ҳамон рӯз сокинони дигари шаҳри Хоруғ ва навоҳии атроф ба ин эътироз ҳамроҳ шуда, бо нерӯҳои ҳукуматӣ низ даргир шуданд, ки дар пайи он боз ду ҷавони дигар – Амиршо Тӯтишоеов ва Гулназар Муродбеков ба ҳалокат расида, панҷ корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ - се ходими КДАМ, як корманди милиса ва як корманди додситонӣ низ захм бардоштанд. 27 ноябр, рӯзи сеюми эътирозҳо Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба назди мардум баромада, ба мардум ваъда супурд, ки қазияро таҳқиқ мекунад ва аз мардум хост, майдонро тарк кунанд, аммо ин гирдиҳамомадагонро қаноат надод.
Мигранты у посольства Таджикистана в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2021
Пас аз қазияи Хоруғ: зодагони ВМКБ дар Маскав ҷамъ шуданд - акс
Додситонии ВМКБ бо нашри як навор дар телевизионии маҳаллӣ хабар дод, ки мардумони норизо сӯйи Мирзонабот санг андохтанд ва дар пайи ин вакили парлумони Тоҷикистон Азиз Гиёзода захмӣ шуд.
Ҳамзамон дар шаҳрҳои Русия, Аврупо, Амрико ва назди дафтари марказии СММ низ ба пуштибонӣ аз Хоруғ гирдиҳамоиҳо роҳандозӣ шуданд.

Талаботи сиёсӣ

Рӯзи 25-уми ноябр гирдиҳамомадагони Хоруғ бо як баста аз талабот ба Ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат карданд. Онҳо аз мақомот хостанд, ки муҷримони марги ҷавононро пайдо ва муҷозот намуда, ба хонаводаҳои онҳо ва ҳам захмиён кӯмаки моливу маънавӣ расонанд ва бидуни таъхир робитаи телефонию интернет дар вилоятро барқарор кунанд.
Дар идома гирдиҳамомадагон талаботи дигарро низ ба миён гузоштанд. Дар робита бо тақвияти ҳукумати маҳаллӣ онҳо хостори даъвати ҷаласаи ғайринавбатии намояндагони мардуми ВМКБ шуданд, то бо истифода аз ҳаққи ташаббуси қонунгузорӣ ба Қонун “Дар бораи ВМКБ” тағйир ворид намуда, ки раиси вилоят аз тариқи раъйгирӣ интихоб шавад.
Памятник Исмаилу Самани в городе Хорог. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2021
Илолов аз ҳукумат хост, қазияи Хоруғ бидуни зӯрӣ дар ҳамкорӣ бо мардум ҳал шавад - видео
Ду талаби дигар ин буд, ки дахолати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар умури дигар мақомоти давлатӣ маҳдуд ва дар вазифаҳои калидии идораҳои ҳифзи ҳуқуқи минтақа афроди маҳаллӣ таъйин шаванд.
Қисмати сеюми талабот ба демилитариза ё ғайринизомикунии вилоят ихтисос дошт. Бино ба он, бояд Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ, ки соли 2018 таъсис ёфта буд, ҳазф ва афроди амниятии эъзомшуда ба маҳалли истиқрори доимии худ баргашгта, воҳидҳои низомӣ аз шаҳри Хоруғ пурра ба қисмҳои низомӣ ва манотиқи марзӣ интиқол меёфтанд.

Натиҷа

Дар ҳоле ки Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ аз анҷоми гирдиҳамоӣ ва бозгашти эътидоли амниятиву сиёсӣ дар Хоруғ хабар медиҳад, манобеи Sputnik Тоҷикистон мегӯянд, таъқиби иҷрои шарту талаботи эътирозгаронро як гуруҳи 44-нафарӣ ба намояндагӣ аз мардуми вилоят ва як гурӯҳи иборат аз мақомоти ҳукуматии вилоят ба зимма хоҳад дошт.
“Қисмати демилитариза ё ғайринизомикунӣ комилан ҳазф шуд. Қаблан посгоҳҳои иловагӣ аз шаҳр бардошта шуданд ва ба мардум қаноат дода шуд, ки далели афзоиши нерӯҳои мардумӣ ба хавфҳои хориҷӣ, бахусус аз қисмати Афғонистон рабт дорад, на дохилӣ”, - гуфт манбаъ.
Здание администрации города Хорог, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2021
Поёни гирдиҳамоӣ дар Хоруғ: мақомот гуфтанд, масоили ҳалталабро бо ҷомеа баррасӣ мекунанд
Бино ба иттилои манбаъ, сарусадоҳо дар бораи истеъфои раиси вилоят Алишери Мирзонабот ва ба ҷои ӯ таъйин шудани Абдулло Навҷувонов, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд низ сиҳҳат надоранд.
“Таҳқиқи куштори Гулбиддин Зиёбеков ва дигаронро ба таври муштарак пайгирӣ мекунанд. Баҳсҳо дар бораи бақияи талабот миёни гурӯҳҳои ҳукумативу 44-нафарӣ матраҳ мешавад”, - гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол ҳаводиси ахири Хоруғ чанд рӯз ба ин сӯ доғтарин мавзӯи ҷомеаи Тоҷикистон шудааст, ки ниҳоят аз роҳи мутамаддин ба эътидол мерасад.
Тобистони соли 2012 низ ин шаҳр шоҳиди як даргирии чандрӯза миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳи маҳаллӣ буд.
Лентаи хабарҳо
0