Митинг дар Бишкек: эътирозгарон талаби лағви натоиҷи интихоботро доранд - видео

© Sputnik / Alexey Maishev / Гузаштан ба хазинаи аксСторонники премьер-министра Садыра Жапарова на митинге у гостиницы "Иссык-Куль" в Бишкеке, Киргизия
Сторонники премьер-министра Садыра Жапарова на митинге у гостиницы Иссык-Куль в Бишкеке, Киргизия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2021
Намояндагону ҷонибдорони ҳизбҳое, ки тибқи маълумоти пешакӣ ба Жогорку Кенеш роҳ наёфтанд, талаб доранд, ки натиҷаи интихобот лағв шавад ва интихоботи нав баргузор гардад
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Дар назди бинои Комиссияи марказии интихоботӣ дар шаҳри Бишкек издиҳоми калон ҷамъ омадааст. Эътирозгарон аз нотоиҷи интихоботи парлумонӣ комилан норизоянд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Гуфта мешавад, ҷонибдорони аҳзобе, ки ба Жогорку Кенеш роҳ наёфтанд, талаб доранд, ки натиҷаи интихобот лағв ва дигарбора интихоботи парлумонӣ баргузор шавад.
Манбаъ меафзояд, ҷамъомадагон ҳамзамон талаби истеъфои раиси кобинаи вазирон, Оқилбек Жапаров ва раиси КМИ Нурҷон Шилдабековро доранд.
Подготовка участков к голосованию на парламентских выборах в Кыргызстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2021
Дар Қирғизистон интихоботи парлумонӣ оғоз ёфт
Ҳамин тариқ ҳизбҳои “Ата Мекен”, сотсиал-демократҳо, “Улуттар Биримдиги” ва “озодтик” дар интихобот ноком шуданд ва соҳиби курсӣ дар Жогорку Кенеш нагардиданд. Аз ин рӯ ин чаҳор ҳизб талаб доранд, ки дар интихобот тақаллубкорӣ сурат гирифт ва натиҷаи он бояд бекор карда шавад.
Дар ҳамин ҳол Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон тавсия дод, ки варақаҳои раъйдиҳӣ дастӣ ҳисоб карда шаванд ва дар сурати ҷо доштани сохтакорӣ аъзои Комиссияи маркази интихоботӣ ҷазои сахт хоҳанд гирифт.
Феълан шаш ҳизб ба Жогорку Кенеш роҳ ёфтанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала