Парвандаи зане, ки барои тиҷорати худ мардеро фиреб дод: 30 ҳазор долларашро хӯрд

© Sputnik / Anar MustafayevДевушка в наручниках, фото из архива
Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2021
Обуна шудан
Дар сурати исбот шудани гуноҳи ин зан ӯ ба аз 8 то 12 соли зиндон маҳкум ва ё ба андозаи аз 912 то 1460 нишондиҳанда ҷарима мешавад
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Дар ноҳияи Истаравшан алайҳи як зани 27-сола парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, номбурда дар қаллобӣ муттаҳам мешавад.
Манбаъ меафзояд, ин зан соли ҷорӣ аз як ҳаммаҳали 59-солаи худ ба баҳонаи ривоҷ додани тиҷораташ маблағи калон гирифта, дигар барнагардондааст.

"Бо баҳонаи тиҷорат 100 ҳазор сомонӣ ва 19 ҳазор доллар гирифтааст", - омадааст дар хабари вазорат.

Ҷузъиёти бештари ин ҳодисаро манбаъ зикр накардааст, танҳо гуфта шудааст, ки нисбати гумонбаршуда, тибқи моддаи 247, қисми 4, Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Бояд гуфт, дар сурати исботи гуноҳи ин зан ӯ аз 8 то ба 12 соли зиндон маҳкум ё ба андозаи аз 912 то 1460 нишондиҳанда ҷарима мешавад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш кормандони милитсия як зани дигар, сокини 33-солаи шаҳри Душанберо боздошт намуда буданд, ки дар қаллобӣ ва фиреби мардум муттаҳам дониста мешуд.
Зане беш 2 миллион долларро гирифту аз Чин маҳсулот наовард: як ҷабрдида падараш аст
Ӯ ба боварии ҷавони 26 ва падараш, марди 50-солаи сокинони ноҳияи Ашт даромада, аз онҳо 640 ҳазору 773 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз Ҷумҳурии Халқии Чин меваи хушк оварда, ба онҳо медиҳад.
Ҳамзамон боздоштшуда бо баҳонаи аз Чин овардани маҳсулоти меваи хушк боз аз ду нафари дигар беш аз 1 миллиону 300 ҳазор доллар гирифтааст.
Маблағи дар умумгирифтаи ин зан 2 миллиону 103 ҳазору 273 долларро ташкил медиҳад.
ВУД Тоҷикистон таҳқиқи ҳар ду ҳодисаро идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0