Поёни гирдиҳамоӣ дар Хоруғ: мақомот гуфтанд, масоили ҳалталабро бо ҷомеа баррасӣ мекунанд

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание администрации города Хорог, архивное фото
Здание администрации города Хорог, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2021
Дар шаҳри Хоруғ гирдиҳамоие, ки тӯли се рӯз давом дошт, ба поён расид
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Мақомоти амниятии Тоҷикистон расман аз поёни гирдиҳамоӣ дар шаҳри Хоруғ, маркази ВМКБ хабар доданд.
Гирдиҳамоии ғайриқонунӣ, ки баъди нисфирӯзии 25 ноябр дар шаҳри Хоруғ аз тарафи баъзе гурӯҳҳои манфиатдор оғоз шуда буд, соати 20:00-и 28 ноябри соли ҷорӣ қатъ карда шуд, хабар медиҳад маркази матбуотии Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ.

"Масъалаҳои мавриди назар дар доираи салоҳияти мақомоти прокуратура дар ҳамкорӣ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, тибқи қонунгузории ҶТ, санҷиш, арзёбӣ ва ҳаллу фасл карда мешаванд", - афзуд манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, ҳоло тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Хоруғ пурра ба эътидол оварда шуда, фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ дар хиёбони марказӣ ҳам ба низом даромад.
Ҳамзамон нуқтаҳои савдо ва хидматрасонии маишӣ тибқи реҷаи муқарраршуда кори худро идома дода истодаанд, афзуд манбаъ.
Ҳамоиши эътирозӣ бо талаби таҳқиқи мунсифонаи қазияи марги Гулбиддин Зиёбеков ва муҷозоти гунаҳкорон рӯзи 25-уми ноябр оғоз гардид.
Памятник Исмаилу Самани в городе Хорог. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2021
Илолов аз ҳукумат хост, қазияи Хоруғ бидуни зӯрӣ дар ҳамкорӣ бо мардум ҳал шавад - видео
Ба иттилои мақомоти додситонӣ, Зиёбеков барои содир кардани ҷинояти гаравгонгирӣ ва барангехтани кинаю адоват дар пайгарди қонунӣ қарор дошта, ҳангоми боздошт муқобилияти мусаллаҳона нишон додааст ва дар натиҷаи оташи ҷавобӣ захмӣ гардидааст.
Дар маҷмуъ сокинони маҳаллӣ то ҳол аз марги се ҷавон дар қазияҳои ахири Хоруғ хабар доданд, ки ҷасади ду нафарашон давоми ду рӯз дар майдони пеши ҳукумати ВМКБ қарор дошт. Интизор меравад, ки ҷасадҳо рӯзи 27 ноябр ба хок супурда шаванд.
Мақомоти кишвар то ҳол расман дар бораи марги ягон нафар хабар надодаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала