Расонаҳо: Нисфи марказҳои омӯзишии хусусӣ дар даври толибон баста шуданд

© REUTERS / Zohra BensemraУченица 4-го класса начальной школы возвращается домой, Кабул, Афганистан
Ученица 4-го класса начальной школы возвращается домой, Кабул, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2021
Нисфе аз марказҳои таълимӣ дар Афғонистон маҳз пас аз сари қудрат омадани толибон баста шуданд
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Аз 40 то 50 дарсади марказҳои омӯзишии хусусӣ дар саросари Афғонистон пас аз ба қудрат расидани толибон баста шуданд. Дар ин бора шабакаи телевизионии Афғонистон "Tolo News" хабар дод.
Ба гузориши манбаъ, басташавии мактабҳо умдатан ба фақри умумӣ ва ҳамчунин коҳиши теъдоди толибилмон, бахусус духтарон вобастааст.
Толибон пас аз он ки Амрико дар баҳор эълон кард, нерӯҳои мусаллаҳи худро аз Афғонистон берун меорад, амалиёти густурдаеро барои барқарории назорат дар ин кишвар оғоз карданд.
Рӯзи 15 август толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва президент Ашраф Ғанӣ ин кишварро тарк кард. Зимнан ин гурӯҳ рӯзи 7 сентябр ҳайати нави ҳукумати муваққати Афғонистонро эълон кард.
17-летняя Сахар помогает своей 10-летней сестре Хадии с домашним заданием - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2021
Орзуҳои гумшуда: духтарони афғонистонӣ дар ҳасрати мактабу донишгоҳ - акс
Бо омадани толибон вазъият дар Афғонистон якбора печидатар шуд. Нархи озуқаву сӯзишворӣ якбора гарон шуд, сатҳи бекорӣ афзуд, теъдоди одамони бехонаву дар низ афзоиш ёфт.
Дар ин асно мактабҳо фаъолиятро якбора қатъ намуданд ва рӯзи 19-уми сентябр толибон танҳо ба писарон иҷозати омадани ба дабистонро доданду халос.
Муовини вазири иттилоот ва фарҳанг дар ҳукумати муваққати толибон Забеҳулло Муҷоҳид таъкид кард, ки духтарон танҳо пас аз анҷоми корҳои омодагӣ барои тақсими синфу омӯзгорон ба мактабҳо қабул карда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала