Рубл боз арзон шуд: БМТ қурби асъори хориҷӣ нисбат ба сомониро эълон кард

Доллары, рубли и евро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2021
Қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон давоми рӯзҳои истироҳатӣ боз поин рафт
ДУШАНБЕ, 29 ноя - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи иттилои БМТ, арзиши як рубли русӣ ҳоло 0.1496 сомонӣ муқаррар шудааст.
Ин дар ҳолест, ки охири ҳафтаи гузашта дар кишвар бар ивази 1000 рубл 0.1512 ва дар овохири моҳи октябр 161 сомонӣ медоданд.
Арзиши асъори аврупоӣ бошад, каме боло рафта, дар бозори арзи кишвар ҳоло як евро 12.7519 сомонӣ қимат дорад. Ду рӯз қабл дар кишвар бар ивази 1 евро 12.6785 сомонӣ медоданд. Ин асъор тайи чанд моҳи ахир мунтазам устуворияшро аз даст медод ва ин аввали каме тақвиятёбии еврост.
Асъори амрикоӣ бошад устувори нишон медиҳад. Як доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.2979 сомонӣ арзиш дорад.
Пачка долларов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2021
Иқтисоддон гуфт, ки навъи нави коронавирус чӣ гуна долларро тағйир медиҳад
Дар ҳамин ҳол қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷӣ бо пули нақд дар ташкилотҳои қарзӣ ва дигар бонкҳои Тоҷикистон болотар аст.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла бонки "Эсхата" 1 рубл имрӯз 0,1505 -1520 сомонӣ харидуфурӯш шудааст.
Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1505 то 0.1530 ва дар "Алифбонк" 1 рубл аз 0,1485 то 0,1550 сомонӣ нишон дода шудааст.
Қурби ҳаррӯзаи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар мешавад.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятиро дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала