Сечин муътақид аст, ки коронавирус паси сар хоҳад шуд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузаштан ба хазинаи аксПешеходы идут по Патриаршему мосту в Москве, архивное фото
Пешеходы идут по Патриаршему мосту в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2021
Игор Сечин, роҳбари "Роснефт" бовар дорад, ки инсоният бемории коронавирусро паси сар хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Пандемияи COVID-19 сарфи назар аз мавҷҳои ҷадидаш паси сар хоҳад монд, навиштааст РИА "Новости" аз қавли Игор Сечин.
"Ман бовар дорам, новобаста аз мавҷҳои ҷадид башарият пандемияро паси сар мекунад ва Чин яке аз намунаҳои хуб аст", - таъкид кард ӯ зимни суханронияш дар ҳамоиши энергетикии Русия ва Чин.
Ба гуфтаи Сечин, дар Чин тамоми захоир фавран ба мубориза бо коронавирус бахшида шуда, маҳдудиятҳои қарантинӣ сари вақт роҳандозӣ гардиданд, ҳукумат ба бахшҳои иқтисоду аҳолӣ кумак кард.
"Дар натиҷа иқтисоди Чин моҳҳои январ - сентябри соли 2021 рушди хуб нишон дода, дар сатҳи 9,8-дарсадӣ қарор гирифт", - илова кард ӯ.
Медицинские работники в отделении реанимации и интенсивной терапии в госпитале для больных COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Ҳушдори СҶБ: штамми "омикрон" нафарони қаблан гирифтори COVID-19-ро сироят мекунад
Ин дар ҳолест, ки Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз штамми нави коронавирус - "омикрон" хабар дод. Созмон бо такя ба маълумоти пешакӣ хабар дод, ки афроди қаблан гирифторшуда ба COVID-19 низ метавонанд ба штамми нави "омикрон" олуда шаванд.
"Ҳанӯз маълум нест, ки ин навъ аз инсон ба инсон нисбат ба дигар штаммҳо, аз ҷумла навъи "делта" осонтар мегузарад ё на. Феълан омӯзиши пурраи навъи мазкур идома дорад", - гуфта мешавад дар изҳороти СҶБ.
Манбаъ зикр намуд, ҳоло маълум нест, ки штамми "омикрон" вазъи беморонро шадид мекунад ё на.
Дар Африқои Ҷанубӣ, тибқи гузоришҳои расонаҳои маҳаллӣ, тақрибан сад нафар мубтало ба ин вирус шудаанд. Дар Ҳонконг, Исроил, Австралия ва як қатор кишварҳои аврупоӣ чанд мавриди гирифторӣ ба он сабт шудааст. Ду ҳолати аввали сироятёбӣ бо штамми "омикрон" дар Канада низ тасдиқ карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала