"Sinovac" гуфт, дар сурати зарурат омодааст, зидди навъи "омикрон" ваксина созад

© Sputnik / Илья Питалев / Гузаштан ба хазинаи аксСотрудники лаборатории в Нанкине, архивное фото
Сотрудники лаборатории в Нанкине, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2021
"Sinovac" эълон кард, агар лозим бошад, омодааст, ваксинае бар зидди навъи нави коронавирус - "omicron" эҷод кунад
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Ширкати фармасевтии чинии "Sinovac" пайи омӯзиши навъи нави "omicron" COVID-19 аст ва дар сурати лозим омодааст, ки ба таҳияи ваксина шуруъ кунад, менависад "Пэнпай" бо истинод ба ин ширкат.
Чунон ки нашрия қайд мекунад, "Sinovac" ба навъи "омикрон" диққати зиёд дода, дар айни замон дар бораи он ва намунаҳояш маълумот ҷамъ мекунад, то "зарурати ваксина ба муқобили ин намуна харчи зудтар муайян карда шавад".

"Ширкат технологияи собитшудаи ваксина ва иқтидори бузурги истеҳсолиро дорад. Дар сурати зарурат ширкат метавонад ба зудӣ тавлиди оммавии ваксинаро барои қонеъ кардани талабот оғоз кунад", - гуфтаанд аз Sinovac.

"Sinovac" инчунин қаблан дар таҳияи ваксина бар зидди навъҳои "гамма" ва "делта" кор карда буд.
Тавре ТУТ рӯзи душанбе гуфт, хатари умумии глобалии марбут ба паҳншавии навъи нави коронавируси "омикрон" хеле баланд арзёбӣ мешавад ва эҳтимоли паҳншавии минбаъдаи он дар саросари ҷаҳон низ ҳаст.
Медицинские работники в отделении реанимации и интенсивной терапии в госпитале для больных COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Ҳушдори СҶБ: штамми "омикрон" нафарони қаблан гирифтори COVID-19-ро сироят мекунад
Ба гуфтаи ин ташкилоти байналмилалӣ, то имрӯз ягон ҳолати марг аз штамми "омикрон" ошкор нашудааст. ТУТ илова кард, ки аксари санҷишҳои мавҷудаи ташхис қодиранд, як навъи навро муайян кунанд.
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ҳамзамон гуфт, маълумоти пешакӣ нишон медиҳад, ки одамони қаблан гирифторшуда ба COVID-19 метавонанд ба штамми нави "омикрон" сироят ёбанд.
Ин созмон қайд кард, ки маълумоти муфассал "дар рӯзҳо ва ҳафтаҳои наздик" дастрас хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала