Тоҷикистону СММ зидди гардиши маводи мухаддир ва тиҷорати инсон мубориза мебаранд

© котиботи Вазорати умури хориҷаи ТоҷикистонМулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ, Ғода Волӣ
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ, Ғода Волӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2021
Сироҷиддин Муҳриддин саҳми СММ-ро дар мубориза алайҳи зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла терроризми байналмилалию ифротгароӣ, маводи мухаддир ва тиҷорати инсон назаррас арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Дар Душанбе муовини Дабири кулли СММ Ғоди Воли қарор дорад, хабар медиҳад Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Бояд гуфт, Воли ҳамчунин мудири иҷроияи Дафтари мубориза алайҳи муомилоти маводи мухаддир ва ҷинояткории СММ низ мебошад.
Дафтари матбуотии ВУХ Тоҷикистон хабар медиҳад, ки роҳбари ин ниҳод Сироҷиддин Муҳриддин хонум Волиро ба ҳузур пазируфтааст.

"Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории тарафайнро дар чаҳорчӯби барномаву лоиҳаҳои созмони мазкур дар самти пешгирӣ ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддиру ҷинояткорӣ мавриди муҳокима қарор доданд", - гуфта мешавад дар хабари вазорат.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки Сироҷиддин Муҳриддин аз ҳамкории Тоҷикистон бо UNODC изҳори қаноатмандӣ намудааст.
Заседание Совета Безопасности ООН - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Эълони мавқеи Тоҷикистон дар бораи Афғонистон дар СММ
Ӯ аз ҷумла зикр намудааст, ки саҳми СММ дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои амниятӣ, аз ҷумла терроризми байналмилалию ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккилона ва киберӣ, муомилоти ғайриқонунии маводди мухаддир ва тиҷорати инсон назаррас аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала