Аз доллару евро то рубл: эълони арзиши асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон

Курс иностранной валюты  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
Арзиши асъори русӣ нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон каме гарон шудааст
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар поён рафта, ҳоло 1000 рубл 150,2 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар барои 1000 рубл 0.1496 сомонӣ медоданд.
Арзиши асъори аврупоӣ бошад, каме боло рафта, дар бозори арзи кишвар ҳоло як евро 12.7544 сомонӣ қимат дорад.
Ду рӯз қабл дар кишвар бар ивази 1 евро 12.6785 сомонӣ медоданд. Ин асъор тайи чанд моҳи ахир мунтазам устуворияшро аз даст медод ва ин аввали каме тақвиятёбии еврост.
Дар ҳамин ҳол арзиши пули амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон устуворияшро нигоҳ медорад. Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.2941 сомонӣ аст.
Доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2021
Ду асъори аз ҳама фоидаовар номбар шуд: доллар миёни онҳо ҳаст?
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.2941 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.7544 то 12.9000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1502 то 0.1520 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала