Ҳабси ҷавонзане дар Сангвор бо иттиҳоми тела додани модарандараш ба дарё

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузаштан ба хазинаи аксГорная река на фоне заснеженных склонов
Горная река на фоне заснеженных склонов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳабси як ҷавонзан бо иттиҳоми одамкушӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Зани 29-сола, сокини ноҳияи Сангвор дар шарқи Тоҷикистон дар куштори модарандараш муттаҳам мешавад, хабар дод Вазорати умури дохилии кишвар.
Мақомоти милиса дар пайи таҳқиқи ғарқшавии зани 43-сола ҳамчун гумонбар дар марги ӯ духтарандари 29-соларо боздошт кардаанд.
Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, муайян шудааст, ки 26-уми ноябри соли равон, тахминан соати 15:00 ҷавонзан модарандари 43-солаашро бо роҳи фиреб ба соҳили дарёи Хингоб бурда, ӯро ба дохили дарё тела намудааст. Дар натиҷа ҳамсари падараш ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.
Мужчина и женщина с ребенком идут по тротуару. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2021
Чаро занон бадрашк мешаванд ва чӣ бояд кард?
Мақомот мегӯянд, феълан алайҳи муттаҳам бо моддаи 104, қисми 1, Кодекси ҷиноӣ, барои қасдан аз ҳаёт маҳрум кардани нафари дигар парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад. Ин банди Кодекси ҷиноӣ то 15 соли зиндонро пешбинӣ кардааст.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон изҳор доштанд, ки бисёре аз ҷиноятҳои сангин, аз ҷумла куштор дар пайи муноқишаи оилавӣ рух медиҳанд ва ба ин хотир шаҳрвандонро ба таҳаммулпазирӣ даъват намуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала