Маҳкумияти 8 шаҳрванди Тоҷикистон барои роҳзанӣ дар Маскав

Молоток судьи в зале суда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
Додгоҳи вилояти Маскав ҳашт шаҳрванди Тоҷикистонро барои даст доштан дар ҳолатҳои роҳзанӣ аз 8,5 сол то 16 сол зиндонӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Туъмаи ҳамлаи маҳкумшудагон соҳибкорони шаҳр ва вилояти Маскав будаанд, хабар додааст додситонии вилоят дар саҳифааш дар "Telegram".
Ба иттилои манбаъ, дар мурофиаи додгоҳӣ муайян шудааст, ки шаш узви ин гурӯҳи мусаллаҳ ба роҳзанӣ машғул шуда, ба хонаҳои соҳибкорон дар ҳудуди шаҳр ва вилояти Маскав ҳамла мекардаанд.
Таъкид шудааст, ки онҳшо дар ин дуздиҳо аз силоҳи оташфишон, газӣ ва ҷароҳатрасон истифода кардаанд.
Спичка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Фавту маҷрӯҳ шудани 7 муҳоҷир дар Иркутск: Ифтитоҳи парванда ва шарҳи сафорати Тоҷикистон
Дар маҷмуъ зарари расонидашуда аз ҷониби ин гурӯҳ, ки ашёи гаронарзишу маблағҳоро мерабудаанд, 11,5 миллион рубл арзёбӣ шудааст.
Зикр гаштааст, ки бо назардошти мавқеи айбдоркунандаи давлатӣ додгоҳ муттаҳамонро гунаҳкор дониста, онҳоро аз 8 солу 6 моҳ то 16 сол маҳкум ба зиндон намудааст. Таъкид шудааст, ки ин муҳлатро маҳкумшудагон дар муассисаҳои ислоҳии низомаш сангин паси сар хоҳанд кард. Феълан ин қарор ҳанӯз ҳукми қонунӣ нагирифтааст, илова намуд додситонии Маскав.
Қаблан мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон аз муҳоҷирони меҳнатии кишвар даъват намуда буданд, ки қонунҳои кишвари ҳузурашонро риоя ва урфу одатҳои мардуми бумиро эҳтиром кунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала