Месси барандаи ҷоизаи "Тӯби тилоӣ"-2021 гардид: рекорд гузошт

© facebook/ PSGМесси барандаи ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ" - 2021 гардид
Месси барандаи ҷоизаи Тӯби тиллоӣ - 2021 гардид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
Обуна шудан
Лео маротибаи ҳафтум дар корномаи варзишиаш ба гирифтани ҷоизаи "Тӯби тилоӣ" даст ёфт, ки ин натиҷа дар таърихи футбол бесобиқа унвон мешавад
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Парижи Фаронса маросими ҷоизасупории "Тӯби тилоӣ"-2021 баргузор шуд, ки тайи он беҳтаринҳои футболи ҷаҳонро эълон карданд.
Барои соҳиб шудани ин ҷоизаи арзишнок ҳамлавари "Барселона" – Лео Месси, форварди лаҳистонии "Бавария" – Роберт Левандовски ва нимҳимоятгари итолиёвии "Челси" – Жоржинйо талоши бештар доштанд.
Дар натиҷаи овозиҳӣ Лео Месси аз рақибонаш пеш гузашта, сазовори ҷоизаи "Тӯби тилоӣ"- 2021 гардид.
Месси дар мавсими гузашта дар 47 бозӣ дар ҳайати "Барселона"-и Испания 38 гол задааст.
Моҳи июл футболбоз якҷо бо тими миллии Аргентина барандаи Ҷоми Амрико шуд. Ин дувумин ҷоми ӯ дар ҳайати мунтахаби ин кишвар аст, ки соли 2008 қаҳрамони бозиҳои олимпӣ шуд. Дар тобистони соли ҷорӣ Мессии 34-сола дастаи каталониро тарк карда, ба ПСЖ гузашт.
Ҳамин тавр Лео маротибаи ҳафтум дар корномаи варзишиаш ба гирифтани ҷоизаи "Тӯби тилоӣ" даст ёфт, ки ин натиҷа дар таърихи футбол бесобиқа унвон мешавад.
Қаблан Месси дар солҳои 2009, 2010, 2011, 2012, 2015 ва 2019 ин ҷоизаро соҳиб гардида буд. Соли 2020 ин маросим барпо нагашт.
Акнун Лео дар хазинаи дастовардҳояш шаш “кафши тилоӣ” ва ҳафт “тӯби тилоӣ” дорад, ки ин натиҷа то имрӯз ба ягон футболбози дигар даст надодааст.
Нападающий Барселоны Лионель Месси  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2021
Месси бо Барселона видоъ гуфту ашк рехт - навор
Ҷоизаи “Тӯби тилоӣ” аз сӯйи "France Football" дар соли 1956 ҳамчун ҷоиза барои беҳтарин футболбози сол дар Аврупо таъсис шудааст (бар асоси андешаҳои гурӯҳе аз хабарнигорони умури варзишӣ).
Соли 2010 ФИФА ва "France Football" дар бораи якҷояшавии ҷоизаҳои "Тӯби тилоӣ" ва "Бозигари соли ФИФА" (бо овоздиҳии капитанҳо ва мураббиёни тими миллӣ муайян карда мешавад) хабар доданд.
Дар моҳи сентябри соли 2016 "France Football" эълон кард, ки шарикии худро бо ФИФА қатъ кардааст ва ба низоми аслии муайян кардани беҳтарин бозигари сол баргашт.
Лентаи хабарҳо
0