Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Песков дар бораи ҷарима барои саркашӣ аз ваксинзанӣ суҳбат кард

© Sputnik / Евгений ОдиноковСертификат о вакцинации
Сертификат о вакцинации - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
Сухангӯи Кремл иқдоми ҷорӣ кардани ҷарима дар Русия барои саркашӣ аз ваксинзанӣ алайҳи COVID-19-ро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Кремл ҷорӣ кардани ҷарима барои саркашӣ аз ваксиназаниро рад кард, гуфт котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков.
Ба гуфти ӯ, Ҳукумати Русия нақша надорад, чун Австрия барои саркашӣ аз ваксина алайҳи коронавирус ҷарима ситонад.
Дар шарҳи изҳороти Александр Шелленберг садри аъзами Австрия дар бораи ҷорӣ кардани ҷарима дар ин кишвар Песков таъкид кард, ки Кремл ба чунин иқдомот иҷозат намедиҳад.
"Не, мо фикр намекунем, ки дар Русия чунин чораҳо ҷорӣ карда мешаванд", - гуфт Песков ба хабарнигорон.
Қаблан нашрияи "Presse" хабар дода буд, дар Австрия онҳое, ки аз ваксинзании ҳатмӣ бар зидди COVID-19 даст кашидаанд, то 7,2 ҳазор евро ҷарима хоҳанд шуд.
Мясников ягона роҳи муҳофизат аз штамми нави "омикрон" - ро гуфт
Қобили зикр аст, аз моҳи феврали соли 2021 мақомоти Австрия ният доранд, ки мавҷудияти ваксинаи зидди коронавирусро дар кишвар ҳатмӣ эълон кунанд.
Председатель ЛДПР Владимир Жириновский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2021
Жириновский талаб кард, алайҳи ваксинбадбинҳо парванда боз шавад
Президенти Русия Владимир Путин қаблан гуфта буд, ки тасмим дар бораи гирифтани ваксина алайҳи COVID-19 бояд ихтиёрӣ бошад.
Сиёсатмадор пешниҳод кард, ки ваксинбезорҳо Русияро тарк кунанд
Дар ҳамин ҳол як ҳафта пеш раҳбари Русия ваксинаи нави коронавируси димоғиро озмоиш кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала