Раҳмон Қонуни буҷаи давлатӣ барои соли 2022-ро имзо кард: маблағ ба куҷо меравад

© Пресс-служба президента РТЭмомали Рахмон принял участие во внеочередной сессии Совета коллективной безопасности ОДКБ
Эмомали Рахмон принял участие во внеочередной сессии Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
Гуфта мешавад, аз нисф зиёди маблағи буҷа дар соҳаҳои иҷтимоӣ ҳазина мешавад
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қонун "Дар бораи буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022" имзо гузошт, - хабар медиҳад хадамоти матбуотии кишвардор.
Дар буҷаи давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ бартарӣ дода шуда, ба ин бахшҳо қариб нисфи маблағ ихтисос ёфтааст.

"Чунин бартарӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз моҳияти иҷтимоии сиёсати президент сарчашма гирифта, ба ҳифзи ҳамаҷонибаи иҷтимоии халқи кишвар ва беҳдошти зиндагии онҳо равона шудааст", - омадааст дар хабар.

Ҳаҷми буҷаи давлатии кишвар барои соли 2022 33 миллиард сомонӣ муқаррар шудааст.
Ҳамин тавр дар буҷаи соли 2022 ҳам хусусияти иҷтимоии он нигоҳ дошта шуда, 14,7 млрд сомонӣ ҷудо шудааст, ки 43,8 дарсади буҷаро дар бар мегирад.
Файзиддин Каххорзода министр финансов Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2021
Афзоиши 19-дарсадии буҷаи Тоҷикистон барои соли 2022
Аз ин ҳисоб барои маблағгузории соҳаи маориф 6,3 млрд, тандурустӣ 2,9, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 4,3 ва фарҳангу варзиш 1,2 млрд сомонӣ бояд масраф шавад.
Нақшаи буҷа барзиёд иҷро шуд: аз ҳисоби ҷарима, барқарорсозии зарар ва гумрук
Бояд тазаккур дод, ки матни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022" дар матбуот нашр мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала