"Ҳақ дорам" - посухи Путин дар бораи ширкаташ дар интихоботи навбатӣ

© Sputnik / Максим Блинов / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ В. Путин принял участие в заседании клуба "Валдай"
Президент РФ В. Путин принял участие в заседании клуба Валдай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
Раисҷумҳури Русия дар бораи тағйири қудрат дар кишвараш сухан гуфт
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин зимни суханронӣ дар Ҳамоиши “Русия даъват мекунад!" ба эҳтимоли интихоби муҷаддадаш ишора кард.
"Оё медоне, ки тамаркуз ба чӣ чиз аст? Бар асоси Қонуни Асосӣ, ман ҳақ дорам, ки барои як давраи нав дубора интихоб шавам. Оё ин корро мекунам ё не, то ҳол худам тасмим нагирифтаам", - гуфт ӯ.
Вай ҳамчунин афзуд, мавҷудияти чунин ҳуқуқ худ ба худ вазъро дар Русия ба эътидол меорад.
Председатель правительства РФ Михаил Мишустин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2021
Мишустинро вориси Путин гуфтанд: Ба президент ҳам мақбул аст
Раҳбари Русия вазъ дар Амрикоро мисол овард. Эълони Байден дар бораи нияти дубора интихоб шуданаш вазъи сиёсии дохилиро ба эътидол овард.
Жириновский гуфт, кӣ метавонад ҷойгузини Путин шавад
Путин афзуд, ки дар бораи нақшаҳояш барои соли 2024 суҳбат кардан ҳанӯз барвақт аст.
Ёдовар мешавем, ахиран Путин зимни суҳбати мустақим бо мардуми Русия ба суол дар бораи вориси худ гуфт, Русияро бояд номзади арзанда раҳбарӣ кунад.
"Ҷои муқаддас холӣ намемонад. Вақташ мерасад ва ман метавонам бигӯям, ки барои раҳбарӣ кардани давлати хубе чун Ватани мо, Русия кӣ арзанда аст", - қайд кард президент.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала