Қазоқистон қоидаҳои вуруд барои хориҷиёнро сангинтар кард

© Sputnik / Максим БлиновCамолет Boeing 737
Cамолет Boeing 737 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
Обуна шудан
Мақомоти Қазоқистон барои вуруди хориҷиён аз баъзе кишварҳо маҳдудият ҷорӣ мекунанд. Равобити ҳавоӣ бо Миср қатъ мешавад
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Аз сеюми декабр Қазоқистон қоидаҳои вурудро сангинтар кард ва ҳаракати ҳавоӣ бо кишварҳоеро, ки ҳолатҳои сироятёбӣ ба штамми коронавируси нав - "омикрон" ошкор шудааст, мутаваққиф кард, менависад Sputnik Қазоқистон.
Ҳамчунин мақомоти ин ҷумҳурӣ барои вуруди шаҳрвандони хориҷӣ аз баъзе кишварҳо маҳдудият ҷорӣ мекунанд.
Ба гуфтаи муовини вазири тандурустии Қазоқистон Марат Шоранов, вуруди шаҳрвандони Ботсвана, Лесото, Зимбабве, Мозамбик, Мадагаскар, Эсватинӣ, Танзания ва Ҳонконг ба ин ҷумҳурӣ маҳдуд карда мешавад.

"Бо дарназардошти пайдоиши штамми нави коронавирус - "омикрон" ва бо мақсади пешгирӣ аз ворид шудани он ба қаламрави ҷумҳурӣ тасмим гирифта шуд, ки аз сеюми декабр як қатор чораҳои маҳдудкунанда ҷорӣ карда шаванд", - гуфт ӯ.

Инчунин, аз 3 декабри соли равон дар Қазоқистон барои шахсоне, ки аз кишварҳое, ки ҳолатҳои штамм нави коронавирус ошкор шудааст (Исроил, Чехия, Нидерландия, Бритониёи Кабир, Италия, Олмон, Австралия, Канада), омадаанд, супоридани ташхиси ПСР ҳатмӣ мешавад.
Главный врач городской клинической больницы №71 имени М. Е. Жадкевича Александр Мясников - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Мясников ягона роҳи муҳофизат аз штамми нави "омикрон"-ро гуфт
Шахсоне аз кишварҳое омадаанд, ки дар онҳо ҳолатҳои сирояти коронавирус аз штамми "омикрон" ошкор шудааст, новобаста аз натиҷаи санҷиши ПСР бояд дар давоми ҳафт рӯз карантин шаванд.
Штамми нави "омикрон" - чӣ гуна аст ва чӣ хатар дорад
"Дар ин робита шуъбаҳои Кумитаи назорати санитарию эпидемиологиро зарур аст, ки ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бораи шахсони воридшуда маълумот пешниҳод намуда, дар сатҳи дармонгоҳҳо назорати фосилавӣ ба роҳ монанд", - гуфт Шоранов.
Афзун бар ин Қазоқистон парвозҳо бо Мисрро қатъ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0