Раҳмону Мередов аз омодагӣ ба сафари Бердимуҳаммадов ба Душанбе гуфтанд

© Дафтари матбуоти раисҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Рашид Мередов, вазири корҳои хориҷии Туркманистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Рашид Мередов, вазири корҳои хориҷии Туркманистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Рашид Мередов, вазири корҳои хориҷии Туркманистон густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ва Рашид Мередов омодагӣ ба сафари расмии ҷавобии Қурбонгулӣ Бердиҳмуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон ба Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин мулоқот дар ҳошияи Форуми "Осиёи Марказӣ - Ҷумҳурии Корея" дар шаҳри Душанбе, ки Мередов яке аз иштирокдорони он мебошад, баргузор шуд.
Дар мулоқоти Раҳмон бо вазири туркман сари муносибатҳои дуҷонибаи дӯстию ҳамкорӣ зарурати татбиқи пайгиронаи мувофиқаҳои қаблан ҳосилшуда тамаркуз сурат гирифтааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар нишасти 15-уми сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2021
Раҳмон хостори лағви маҳдудиятҳои нақлиётию тиҷоратӣ шуд
"Дар рафти вохӯрӣ ҳамчунин вазъи феълии муносибатҳои ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, инчунин масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалию минтақаӣ баррасӣ карда шуданд", - омадааст дар иттилоия.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон дар Ишқобод қарор дошт ва бо Бердимуҳуммадов густариши ҳамкориҳоро баррасӣ карда буд.
Рушду густариши робитаҳо дар соҳаҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, кишоварзӣ, нақлиёту интиқоли бор ва мусофирбарӣ, истифодаи бандарҳои обии Туркманистон барои боркашонии Тоҷикистон аз мавзуъҳои калидии мулоқот арзёбӣ шуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала