Маълум шуд, ки Русия барои сохтмони мактабҳо дар Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо кардааст

© Sputnik / Амир Исаев / Гузаштан ба хазинаи аксШкольники Душанбе, архивное фото
Школьники Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
Русия барои сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар Тоҷикистон маблағи қобили мулоҳизае ҷудо кардааст
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки Русия барои сохтмони мактабҳо дар ин ҷумҳурӣ чӣ қадар маблағ сарф мекунад.
"Тақрибан 145-150 миллион доллар", - гуфт сиёсатмадор.
Вай афзуд, ин маблағ барои сохтмон ва таҷҳизи ҳамаи панҷ мактаби навбунёд дар Тоҷикистон масраф мешавад.
Оверчук пас аз боздиди корҳои сохтмонӣ дар мактаби русие, ки дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт сохта мешавад, ба хабарнигорон гуфт, дар ин мактабҳо 1200 хонанда дар як вақт хоҳанд хонд.
Министр образования РТ Имомзода Мухаммадюсуф - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2021
Имомзода: Тоҷикистон тасмим дорад, омӯзгорони Русияро бештар ҷалб намояд
Барномаи таълимии мактаб аз сӯйи Донишгоҳи Алтайи Русия таҳия мешавад ва ба қавли масъулин, бо ҷониби Тоҷикистон мувофиқа мешавад.
Ин мактабҳо интизор меравад, то соли нави хониши 2022 пурра бунёду таъмир гашта, аввалин хонандаҳоро қабул кунанд.
Ӯ гуфт, макотиб бо мудернтарин таҷҳизот барои омӯзиш таъмин хоҳанд шуд.
Гуфта мешавад, барои кор дар ин муассисаҳо асосан омӯзгоронро аз Русия меоранд ва муаллимон аз Тоҷикистон низ ба кор ҷалб мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки Русия бо ҳадафи боло бурдани ҷойгоҳи забони русӣ дар хориҷи кишвар чанд лоиҳаро татбиқ мекунад, ки онҳо сохтмони макотиб, ирсоли муаллимон, маводи таълимӣ ба кишварҳои хориҷӣ ва такмили ихтисоси муаллимони забони русро фаро мегиранд.
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
Путин: Русияву Тоҷикистон барои дастгирии омӯзиши забони русӣ нақшаҳо доранд
Русия ният дорад, дар панҷ шаҳри Тоҷикистон - Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода мактаби русӣ созад, ки муҳассилин дар онҳо аз тариқи озмун аз навоҳии гуногуни кишвар қабул шуда, аз рӯи барномаи қабулшуда дар Русия таълим гиранд.
Ҳамзамон барои тақвияти забони русӣ ҳоло муаллимон аз Русия дар Тоҷикистон ба мактаббачаҳо дарс мегӯянд.
Созишнома дар бораи сохмони мактабҳои русӣ миёни Тоҷикистон ва Русия моҳи апрели соли 2019 ба имзо расида буд ва он моҳи феврали соли 2020 аз тарафи Думаи давлатӣ ва Шӯрои Федератсияи Русия тасдиқ шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала