Русия тамоми мактабҳои русии Тоҷикистонро бо омӯзгор таъмин хоҳад кард

Новая школа в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
Обуна шудан
Дар мактабҳои русии Тоҷикистон умдатан омӯзгорони рус дарс хоҳанд дод
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Русия мактабҳои русиеро, ки дар Тоҷикистон сохта мешаванд, бо омӯзгор таъмин хоҳад кард, гуфт муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ҳайати асосӣ аз омӯзгорони рус иборат бошад.

“Албатта, барномаи таълимӣ ба ниёзҳои Тоҷикистон мутобиқ карда мешавад, аммо он як барномаи русӣ ва омӯзгорон рус хоҳанд буд", - шарҳ дод муовини раиси ҳукумат.

Дар ҳамин ҳол вай афзуд, дар ин мактабҳо омӯзгорони тоҷик низ дарс хоҳанд дод.
"Ин як тими муштарак хоҳад буд ва кӯдакон таҳсили босифат хоҳанд гирифт", - хулоса кард ӯ.
Барномаи таълимии мактаб аз суйи Донишгоҳи Алтайи Русия таҳия мешавад ва ба қавли масъулин, бо ҷониби Тоҷикистон мувофиқа мешавад.
Ӯ гуфт, макотиб бо мудернтарин таҷҳизот барои омӯзиш таъмин хоҳанд шуд.
Подписание договора об образовании представителями России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
Русия ва Тоҷикистон созишнома дар умури маорифро имзо карданд
Ёдовар мешавем, ки як ҳайати Русия бо як сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад. Онро Алексей Оверчук, муовини сарвазири Федератсияи Русия раҳбарӣ мекунад. Дар ҷараёни сафар намояндагони Федератсияи Русия бо рафти сохтмони мактабҳо шинос шуда, як гуфтушунидҳоеро низ барпо хоҳанд кард.
Интизор меравад, ҳамаи панҷ мактабе, ки Русия сохта истодааст, то 1 сентябри соли 2022 ба истифода дода шавад.
Макотиб дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Турсунзода, Хуҷанд сохта мешаванд. Макотиби навсохт имкони фарогири 1200 хонандаро дар як вақт доранд.
Лентаи хабарҳо
0