Русия ва Тоҷикистон созишнома дар умури маорифро имзо карданд

© SputnikПодписание договора об образовании представителями России и Таджикистана
Подписание договора об образовании представителями России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
Ин созишнома шароити фаъолияти мактабҳои таҳсилоти миёнаи муштараки русӣ дар 5 шаҳри Тоҷикистонро мушаххас мекунад
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Намояндагони вазоратҳои маорифи Русия ва Тоҷикистон дидору гуфтугӯ карданд, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Дар поёни мулоқот вазири маорифи Тоҷикистон Маҳмадюсуф Имомзода ва муовини аввали вазири маорифи Федератсияи Русия Александр Бугаев дар бораи ташкили фаъолияти мактабҳои таҳсилоти миёнаи муштараки русӣ дар 5 шаҳри Тоҷикистон - Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Турсунзода ва Душанбе созишнома имзо карданд.
Имомзода зикр кард, ки лоиҳаи сохтмони мактабҳо дар Тоҷикистон бузургтарин лоиҳаи хориҷии Русия аст.
"Мо бесаброна интизори анҷоми сохтмони ин мактабҳо ҳастем, то кӯдакон барои таҳсил ба он ҷо раванд", - гуфт вазир.
Ёдовар мешавем, ки як ҳайати Русия бо як сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад. Онро Алексей Оверчук, муовини сарвазири Федератсияи Русия раҳбарӣ мекунад. Дар ҷараёни сафар намояндагони Федератсияи Русия бо рафти сохтмони мактабҳо шинос шуда, як қатор гуфтушунидҳо низ доир хоҳанд кард.
Школьники Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
Маълум шуд, ки Русия барои сохтмони мактабҳо дар Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо кардааст
Интизор меравад, ҳамаи панҷ мактабе, ки Русия сохта истодааст, то 1 сентябри соли 2022 ба истифода дода шавад.
Ин макотиб дар шаҳрҳои Душанбе, Кулоб, Бохтар, Турсунзода, Хуҷанд сохта мешаванд. Макотиби навсохт имкони фарогири 1200 хонандаро дар як вақт доранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала