Тоҷикистон ва Ӯзбекистон масъалаи аломатгузории марзро баррасӣ карданд

© VYACHESLAV OSELEDKOТаджикские пограничники патрулируют границу
Таджикские пограничники патрулируют границу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
Обуна шудан
Дар Ӯзбекистон ҷаласаи гурӯҳҳои кории аломатгузории марз бо Тоҷикистон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки марзбандии Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷаласаи навбатии худро баргузор карданд, гузориш медиҳад, хадамоти матбуотии Вазортаи корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Музокирот аз 22 то 27 ноябри соли 2021 дар Намангони Ӯзбекистон баргузор шуд.
Иттилоъ дар бораи натоиҷи ин нишаст дар вебсайти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон нашр шуд.

"Тарафҳо корҳои аломатгузориро баррасӣ карда, пешниҳодҳои бо якдигар мувофиқашудаи лоиҳаи хатти аломатгузории марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон омода шуданд", - омадааст дар хабар.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ протоколи дахлдор ба имзо расид.
Гуфта мешавад, вохӯрӣ дар рӯҳияи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ баргузор шуда, музокироти навбатии гурӯҳҳои корӣ дар қаламрави Тоҷикистон сурат мегирад.
Подпись документа, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Имзои протокол: Тоҷикистону Ӯзбекистон аломатгузории марзро қисман ҳал карданд
Дар ҳамин ҳол 30 ноябр як ҳайати Ӯзбекистон таҳти раёсати Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷии ин кишвар барои ширкат дар 14-умин Анҷумани ҳамкориҳои Куриё ва Осиёи Марказӣ вориди Душанбе шуд.
Дар ин ҳамоиш вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи равобити Куриёи Ҷанубӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0