Вазорати тандурустӣ аз эҳтимоли пайдоиши "омикрон" дар Тоҷикистон гуфт

© Sputnik / Амир ИсаевЖители Душанбе на улице в масках
Жители Душанбе на улице в масках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
Мақомоти Тоҷикистон аз ҳоло барои ҷилавгирӣ аз вуруди навъи нави коронавируси "омикрон" ба кишвар чораҳо меандешанд
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Эҳтимоли паҳншавии навъи нави коронавирус дар Тоҷикистон, ки ахиран дар Африқои Ҷанубӣ кашф шудааст, вуҷуд дорад, гуфтааст сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров.
Аммо ин эҳтимол хеле кам аст, афзуд намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар суҳбат бо хабаргузории "Ховар".
Главный врач городской клинической больницы №71 имени М. Е. Жадкевича Александр Мясников - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Мясников ягона роҳи муҳофизат аз штамми нави "омикрон"-ро гуфт
"Эҳтимол вуҷуд дорад, ҳарчанд он ҳадди ақал аст, аммо онро истисно кардан мумкин нест", - шарҳ дод Ҷаъфаров.
Ба гуфтаи вай, мақомоти Тоҷикистон аз ҳоло барои ҷилавгирӣ аз вуруди навъи нави коронавируси "омикрон" ба кишвар чораҳо меандешанд.

"Дар сарҳад назорат бурда мешавад. Гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ аз ҷониби шаҳрвандон, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ дар нақлиёт ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, риояи қатъии масофаи иҷтимоӣ то ду метр ва албатта, эмгузаронӣ низ зарур аст", - гуфт намояндаи Вазорати тандурустӣ.

Мутахассис ҳамчунин гуфт, тибқи маълумоти ахир, дар як ҳафта мизони кашфи штамми нави омикрон аз 1 дарсад то 30 дарсад афзоиш ёфтааст.
Ба назари ӯ, "омикрон" тавассути сайёҳону муҳоҷирон паҳн мешавад. Ӯ афзуд, тавре ки аз мисоли Африқои Ҷанубӣ дида мешавад, штамми нави вирус нисбат ба пешгузаштагони худ тезтар паҳн мешавад ва метавонад ба шумораи бештари одамон, аз ҷумла ба онҳое, ки қаблан бо навъҳои дигар гирифтор буданд, таъсир расонад.
Вакцинация от коронавируса в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
COVID-19: Дар Тоҷикистон беш аз се миллион нафар эмин шуд
"Эҳтимол дорад, одамон ба ин беморӣ гирифтор шаванд, аммо вақте фард эм шуданд бошад, шиддати беморӣ барои ӯ пасттар аст", - афзуд Ҷаъфаров.
Ӯ аз сокинон даъват кард, ки дар эмгузаронии зидди коронавирус фаъолона ширкат варзанд.
Ёдовар мешавем, ки навъи нави эҳтимолан хатарноки коронавирус дар Африқои Ҷанубӣ кашф шудааст. "Омикрон" 43 таҳаввул дорад, ҳол он ки таҳаввули навъи "делта" ҳамагӣ 18-то буд.
Яке аз нишонаҳои навъи коронавируси "омикрон" ин хастагии шадид ва баланд шудани суръати тапиши дил аст, аммо ҳисси бӯй ва мазза гум намешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала