Баррасии иҷрои тафоҳумномаи кишоварзии Тоҷикистону Эрон

© Вазорати кишоварзии ТоҷикистонМулоқоти вазири кишоварзии Тоҷикистон бо сафири Эрон дар Душанбе
Мулоқоти вазири кишоварзии Тоҷикистон бо сафири Эрон дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Сафири Эрон дар Тоҷикистон ва вазири кишоварзии ин кишвар дар бораи иҷрои тафоҳумномаи ҳамкории кишоварзии дуҷониба табодули назар карданд
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар сафҳаи "Инстаграм"-и худ навиштааст, ки бо Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кардааст.
Сафири Эрон дар Тоҷикистон хабар додааст, дар дидор бо вазири тоҷик иҷрои тафоҳумномаи ҳамкории ду кишвар дар бахши кишоварзӣ, ки дар ҷараёни сафари сентябри гузаштаи Сайидиброҳими Раисӣ, Раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон ба имзо расид, табодули назар карда шуд.
Муҳаммадтақии Собирӣ ҳамчунин таъкид кардааст, ки зимни мулоқот тарафҳо тавсеаи заминаҳои ҳамкорӣ ва тақвияти муносиботи Эрон ва Тоҷикистон дар бахшҳои мухталифи кишоварзиро низ баррасӣ намуданд.
Эмомали Рахмон и Сайид Иброхими Раиси - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2021
Эрону Тоҷикистон 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонданд
Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, тарафҳо зимни дидор дар бораи ҳамкориҳо дар соҳаи растанипарварӣ, чорводорӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, ҳифзи растаниҳо аз касалиҳо ва ҳашароти зараррасон, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли тухмиҳои сертификатсияшуда, омӯзиши мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ибрози назар карданд.
Бояд гуфт, тибқи маълумоти оморӣ, тиҷорати миёни Тоҷикистону Эрон дар даҳ моҳи соли равон 74538,5 ҳазор долларро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала