Ҷойгузин ёфт шуд: ба ҷои муҳоҷирон кӣ ба сохтмонҳои Маскав меравад?

© Пресс-служба мэра и правительства Москвы / Гузаштан ба хазинаи аксРеконструкция стадиона "Москвич"
Реконструкция стадиона Москвич - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Ташаббуси нав барои раҳоӣ аз хидмати муҳоҷирон ва боло бурдани сатҳи омодасозии мутахассисони навкор мусоидат мекунад
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Ҷойҳои муҳоҷиронро дар сохтмонҳои Русия метавонанд донишҷӯёни донишгоҳҳо ва коллеҷҳои махсус гиранд. Чунин пешниҳод ба муовини нахуствазири Федератсияи Русия Марат Хуснуллин ироа шудааст.
Ин идея дар Институти тадқиқоти иҷтимоӣ ва рушди ташаббусҳои шаҳрвандӣ изҳор шудааст.
Строительство завода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Собянин дастур дод, ки шумори муҳоҷирон дар сохтмонҳои Маскав кам шавад
Бо ин усул Русия метавонад ду масъалаи муҳим - норасоии коргарон дар сохтмонҳо ва ба қадри кофӣ омода кардани донишҷӯён аз рӯи касбашонро ҳал кунад.
Дар Институти тадқиқоти иҷтимоӣ ва рушди ташаббусҳои шаҳрвандӣ бар ин назаранд, ки муассисаҳои олӣ ва миёна вазифадор шаванд, ки ҷавононро ба сохтмонҳо дар доираи таҷрибаи истеҳсолии худ фиристанд. Чунин талабот бояд дар қонун ҷорй карда шавад.
Рабочие Мосметростроя на строительстве станции метро Новаторская - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Коршинос: Дасткашӣ аз хидмати муҳоҷирон дар сохтмонҳои Маскав ғайриимкон аст
Ба гуфти директори муассиса Максим Петунин, мушкили дар давраи таҳсил омода кардани бинокорон доимӣ аст. Кор дар ташкилотҳои махсусгардонидашуда ба онҳо имкон медиҳад, ки таҷриба андӯхта, ба кор аз рӯи ихтисоси худ омода бошанд.
Ҷалби донишҷӯён ба татбиқи нақшаҳои мақомот барои даст кашидан аз хидмати муҳоҷирон мусоидат мекунад.
Қаблан Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав дастур дода буд, ки теъдоди хориҷиён дар сохтмонҳои пойтахт коҳиш дода шавад. Ба гуфтаи ӯ, дар чунин корҳо бояд “шахсони дигар ва бо маоши дигар” кор кунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала