Гулмаҳмадзода ба Путин эътимоднома месупорад

© Sputnik / Шодиев РасулПосол Республики Таджикистан в России Гулмахмадзода Давлатшох Курбонали
Посол Республики Таджикистан в России Гулмахмадзода Давлатшох Курбонали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Президенти Русия аз сафири Тоҷикистон дар ин кишвар эътимоднома қабул мекунад
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Владимир Путин аз 20 сафири навтаъйини кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул мекунад, хабар медиҳад маркази матбуотии Кремл.
Гуфта мешавад, бар пояи анъана ин маросим дар толори Александри Қасри Калони Кремл баргузор мешавад.
Дар маҷмуъ сафирони фавқулодда ва мухтори 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон эътимодномаи худро ба раисҷумҳури Русия месупоранд.
Новый посол Таджикистан в РФ вручил верительные грамоты замглавы МИД - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
Гулмаҳмадзода ба Руденко эътимоднома супурду сафари Путин ба Тоҷикистонро баррасӣ кард
Ёдовар мешавем, дуюми августи соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон сафири нави кишвар дар Русияро таъйин кард.
Бар асоси ин фармон, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар ин мақом Имомуддин Сатторовро, ки ҳафт сол дар Русия кор кард, иваз намуд.
Ин дувумин маросими супоридани эътимоднома дар соли 2021 аст, ки аввалинаш рӯзи 18 май баргузор шуд ва дар он сафирони 23 кишвар ширкат доштанд.
Чунин маросим одатан дар як сол якчанд маротиба сурат мегирад. Эътимоднома ҳуҷҷатест, ки бо ёрии он намояндаи дипломатӣ аккредитатсия мешавад.
Гулмахмадзода Д.К. глава комитета окружающей среды Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2020
Номзади илм, зодаи Данғара: Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ муовини сарвазири Тоҷикистон кист?
Намояндаи дипломатӣ эътимодномаи худро аввал ба сарвари давлат месупорад ва нусхаи тасдиқшудаи он ба роҳбари Вазорати корҳои хориҷӣ супорида мешавад.
Тибқи анъана, президент эътимодномаро қабул мекунад ва дар бораи мушкилоти мубрами байналмилалӣ суханронӣ, инчунин муносибатҳои Русияро бо давлатҳое, ки сафирони онҳо ба ӯ эътимоднома месупоранд, баррасӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала