"Ман авҷи мухолифати онҳоро дидам": Назарбоев дар бораи муноқишаи Елтсин ва Горбачев

© Sputnik / Борис Бабанов / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент СССР Михаил Горбачев (слева) и Президент РФ Борис Ельцин (справа)
Президент СССР Михаил Горбачев (слева) и Президент РФ Борис Ельцин (справа)  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Ба гуфтаи Назарбоев, вай тарафдори фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ набуд, аммо имкони боз доштани ин механизм вуҷуд надошт
ДУШАНБЕ, 1 дек – Sputnik. Нахустин президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар бораи бархӯрди Борис Елтсин ва Михаил Горбачев қабл аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ сухан гуфт, менависад Sputnik Қазоқистон.
Элбасӣ хотираҳои худро дар ин бора дар филми мустанади "Qazaq: таърихи одами тилоӣ", ки аз ҷониби коргардони маъруф Оливер Стоун таҳия шудааст, нақл кард.
"Горбачев аз ман 10 сол калон буд, аммо мо аз як насл будем, як мактаби сиёсиро гузаштем. Ҳамин тавр мо якдигарро медонистем, аз як система берун шудем. Ҷолиб он аст, ки Елсин ҳам мехост бо ман дӯст бошад. Мо дар воқеъ бо ӯ хеле хуб муносибат мекардем. Ман бархӯрди онҳоро мушоҳида кардам ва кӯшиш кардам, ки онҳоро оштӣ доронам. Яке аз сабабҳои субъективии пошхӯрии ИҶШС муносибати шадиди Горбачев ва Елтсин буд", - гуфт Назарбоев.
Первый Президент Таджикистана Кахар Махкамов. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
“Сиёсат чиркинтарин кор”: хотираҳои Маҳкамов аз баҳманмоҳ, истеъфо ва гила аз ҳамсафон
Назарбоев гуфт, Елсин бо даъвати Горбачев ба сифати котиби КМ КПСС ба Маскав омад, вале вай (Елтсин) гумон дошт, ки узви Бюрои сиёсӣ мешавад, вале Горбачев ӯро ба ҳеҷ ваҷҳ интихоб накард.
"Ман авҷи мухолифати онҳоро дидам. Дар утоқи Горбачев нишаста будам, Елсин ворид шуд ва онҳо бо оҳанги баланд суҳбат карданд. Ин нохушоянд буд. Елтсин гуфт: "Ман дар ҷои Шумо мешинам. Ман бархостам ва хостам, равам, вале Горбачев гуфт: "Шинед". Горбачев ба Елтсин ҷавоб дод, ки ҳоло ӯ президент аст. Ва Елтсин гуфт: "Бале, ҳоло" ва рафт", — ба ёд меорад Назарбоев.
Ба гуфти Назарбоев, механизми фурӯпошии ИҶШС роҳандозӣ шуд ва онро боздоштан мумкин набуд, аммо худи ӯ аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳимоят намекард.

"Аз байни ин коллектив ман ягона шахсе будам, ки иқтисоди шӯравиро мефаҳмидам, тарафдори нигоҳ доштани Иттиҳоди Шӯравӣ набудам, тарафдори он будам, ки ҳамаи ин ба таври маданӣ сурат гирад, то пошхӯрӣ дардовар набошад”, - гуфт ӯ.

Нурсултон Назарбоев гуфт, дар паҳлуяш коммунистоне ҳам буданд, ки ба ӯ пешниҳод карданд, ки аз балво пуштибонӣ кунад.
"Ин ҳодиса ногаҳон рӯй дод, 18 августи соли 1991 Елтсин барои боздид омада буд. Ӯ бегоҳ, баъд аз як зиёфати хуб баромада рафт. Вай дар ин ҳолат рафт ва субҳи 19-ум табаддулот ба амал омад", - гуфт Назарбоев.
Митинг защитников Белого дома - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2021
Мушовири пешини Елтсин гуфт, чаро СССР-ро наҷот дода натавонистанд
Филми "Qazaq: таърихи одами тилоӣ" дар шабакаи телевизионии КТК якуми декабр, дар Рӯзи нахустин президенти Қазоқистон намоиш дода шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала