“Айби комбайн”: таърифи намояндаи “Ростселмаш” аз техникаи кишоварзии Тоҷикистон

© Sputnik / Vitaly Timkiv / Гузариш ба медиабонкУборка пшеницы на полях, фото из архива
Уборка пшеницы на полях, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Обуна шудан
Михаил Архипов камбуди мошинолот (техника)-и кишоварзӣ дар Тоҷикистонро сабаби ҳамасола талаф ёфтани 40 миллион доллар фақат дар ҳосили гандум унвон карда гуфт, “Ростселмаш” омодаи кӯмак аст
ДУШАНБЕ, 1 дек - Sputnik. Ӯ дар як мизи гирде, ки бо ширкати масъулини соҳоти кишоварзию саноатии Тоҷикистону Русия дар шаҳри Бохтар баргузор шуд, дар ин хусус изҳори назар кард.
Ин намояндаи “Ростселмаш”, як ширкати тавлидкунандаи мошинолоти кишоварзии Русия гуфт, Тоҷикистон ба камбуди гандум мувоҷеҳ ва маҷбур аст, аз воридоти он суҳбат кунад, дар ҳоле ки қодир аст, бо гандум худро таъмин намояд.
“Мушкил ин ҷост: талафот ва дар пайи он зарару зиён дар дохили кишвар ба далели камбуди мошинолоти кишоварзӣ иттифоқ меафтад. Ҳосил бояд дар як давраи замонии комилан мушаххас ҷамъоварӣ шавад. Агар онро дарнаёфтед, зарар хоҳед дид”, - гуфт ӯ.
Михаил Архипов барои исботи ин иддаои худ вазъро бо арқом ба тасвир кашид. Вай гуфт, талаботи меъёрӣ ба мошинолоти кишоварзиро метавон ба роҳатӣ бар асоси заминҳои киштшуда муҳосиба кард.
“Ҳоло агар ниёзи меъёрии Тоҷикистон ба таҷҳизоти ҷамъоварии ғалларо муҳосиба кунем, мебинем, ки ниёз ба 2179 комбайн дорад. Аммо имрӯз кишвар 833 комбайн дорад, яъне таҷҳизоти ҷамъоварии ғалла 43 дарсад ва камбуди камбайн 1346 адад аст. Ҳамин тасвирро дар омори тамоми мошинолоти кишоварзӣ мебинем. Масалан, камбуди трактор ба ҳудуди 10 ҳазор адад мерасад”, - гуфт ӯ.
Намояндаи “Ростселмаш” афзуд, парки таҷҳизот дар Тоҷикистон бисёр фарсуда, мизони соиш аз 28 то 90 дарсад ва хадамоти нигоҳубин бисёр поин аст, балки ҳеҷ маркази хадамоти ҳирфаие вуҷуд надорад, ки битавонад хадамоти таъмирӣ ироа диҳад ё ин кор ҳазинаи болое мехоҳад.
Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
Сармоягузорӣ дар бахши кишоварзии Тоҷикистон: вазир гуфт, чанд пул ҷалб шудааст
“Ин дар ҳолест, ки воридоти комбайн дар се соли гузашта танҳо 57 дастгоҳ будааст. Ва дар натиҷа чӣ мебинем? Тоҷикистон аз 300 ҳазор гектар 800 тонна гандум аз даст медиҳад. Бар асоси камтарини тахминҳо, зарар 15 дарсад ё 120 ҳазор тонна гандум хоҳад буд, ки ба ҳудуди 40 миллион доллар баробар мешавад”, - гуфт вай.

“Рафиқи роҳ”

Дар ҳамин ҳол Михаил Архипов гуфт, “Ростселмаш” омодааст, дар ҳалли ин мушкил ба Тоҷикистон кӯмак кунад ва як барномаеро барои тавсеаи пойдори механизатсиякунонии кишоварзӣ то соли 2030 ба ҳукумати ин кишвар омода ва ироа кунад.
Вай "Тоҷикагролизинг", як ширкати давлатии Тоҷикистонро, ки мошинолоти кишоварзиро бар асоси қарордодҳои лизингӣ харидорӣ ва ба хоҷагиҳои деҳқонӣ мунтақил мекунаду чандин истгоҳи мошину трактор (ИМТ) ва марокизи хадамоти фаннӣ дорад, ҳамкори билқувваи “Ростселмаш” унвон кард.
Сборка тракторов на таджикско-белорусском заводе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2020
Трактор барои деҳқонон: Тоҷикистон ҳоло ҳам ба техникаи нави кишоварзӣ ниёз дорад
“Аз 85 ИМТ ва МХФ, ки дар Тоҷикистон ҳаст, 60 адади он ба "Тоҷикагролизинг" тааллуқ дорад. Усулан ширкат бо онҳо дар ҳоли вуҷуди таҷҳизоти лозими “Ростселмаш”, хадамоти бо кайфияти боло ва таҳвили саривақтии қитаоти ядакӣ (қисмҳои эҳтиётӣ) қодир хоҳад буд, таъмири саривақтӣ дар Тоҷикистонро таъмин кунад ва бар ин асос тамоми талафотро ба ҳадди ақал бирасонад”, - гуфт вай.
"Тоҷикагролизинг" корхонаи воҳиди давлатӣ аст, ки дар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2007 таъсис дода шудааст.

Ҷойи пул

Намояндаи “Ростселмаш” гуфт, ин амр зарурати сармоягузории "Тоҷикагролизинг" аз тарафи Русияро низ ба миён меорад ва бархе мушкилот дар таъмини молии тарҳҳо дар Тоҷикистон низ вуҷуд дорад.
“То он ҷо ки медонем, бонкҳое вуҷуд доранд, ки омодаи сармоягузории "Тоҷикагролизинг" ҳастанд, аммо таҳти замонати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Инҳо Бонки тавсеаи Авруосиё ва "Росэксимбонк"-анд. Роҳҳалли лозим аз тарафи Тоҷикистон аст. Мо ба навбаи худ омодаи ироаи мошинолоти кишоварзӣ ва кӯмак ба ҳалли масоили марбут ба сармоягузорӣ ҳастем”, - гуфт Михаил Архипов.
Сергей Катырин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2021
Аз шарти омадани сармоягузори рус то фоидаи Душанбе аз узвият дар ИИАО – суҳбат бо Катирин
“Ростселмаш” яке аз бузургтарин тавлидкунандагони мошинолоти кишоварзии ҷаҳон аст, ки 24 навъи мошинолото бо 150 модел тавлид мекунад. Гардиши молии ширкат ҳудуд 1 миллиард евро дар сол аст. Имрӯз маҳсулоти худро ба ҳудуди 35 кишвари ҷаҳон дар тамоми қораҳо, аз ҷумла Австралия содир мекунад.

“Нива эффект”

Дар ҳамин ҳол Ботурҷон Муъминов, муовини раиси "Тоҷикагролизинг" ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ширкаташ ба ҳама гуна ҳамкорӣ бо “Ростселмаш” омодааст ва далели коҳиши харидорӣ аз он сабаби дигар дорад.
“Махсусан, дар хариди комбайн. Мо қаблан аз ин ширкат комбайнҳои “Нива эффект”-ро харидорӣ мекардем, ки истеҳсолашон қатъ шудааст. Комбайнҳои нави “Ростселмаш” паҳнои зиёдтар аз 5 метр доранд, ки ба шароити табиӣ ва замин (релеф)-и мо, бахусус дарав кардани ғалладона дар миёни дарахтони боғҳо рост намегиранд. Паҳнои “Нива эффект” 4 метр ва аз сӯйи “Ростселмаш” маҳз ба шароити мо мувофиқ карда шуда буд”, - гуфт ӯ.
Комбайны собирают урожай пшеницы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Бонки ҷаҳонӣ барои рушди кишоварзии Тоҷикистон 58 миллион доллар медиҳад
Вай афзуд, аз сӯи дигар дар ин бозор ширкатҳои Эрону Чин ва дигарон низ ҳузур доранд, аз ҷумла, аз 100 комбайне, ки тайи се соли ахир харида шудаанд, ҳудуди 40 ададашон ғайрирусӣ ҳастанд.
“Русия як барномаи утилизатсия (бозёфт ё таҷдиди дигарбора)-и техникаҳои истеҳсолиро рӯи даст гирифтааст, ки умедворем, ба Тоҷикистон низ тааллуқ мегирад ва мо тавонем таҷҳизоти қаблии худро навсозӣ кунем”, - гуфт муовини раиси "Тоҷикагролизинг".
Михаил Архипов дар мавриди “Нива эффект” гуфт, ҳоло онро навъи нави комбайн - “Нова” иваз кардааст, ки ба шароити Тоҷикистон мувофиқ карда шудааст.
“Ҳеҷ мушкилеро дар иҷроӣ шудани барномаи утилизатсия дар Тоҷикистон низ намебинем”, - афзуд вай.

Бумисозӣ

Аммо мушкили аслӣ ҳамоно қимати таҷҳизоти “Ростселмаш” барои Тоҷикистон унвон шуд, ки ба бовари Андрей Шпиленко, мудири Анҷумани тавсеаи кластерҳо, паркҳои фаннӣ ва манотиқи махсуси иқтисодӣ (ММИ)-и Русия, қимати як мошинолот то ин ки ба Тоҷикистон расад, гаронтар мешавад, аз ин хотир бояд сари бумисозӣ (локализатсия)-и бандубаст (сборка)-и он кор кард.
Старт осеннего сева в поле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2021
Тоҷикистон барои рушди кишоварзӣ сармоягузорҳои нав меҷӯяд
“Ҷонибҳо – иқтисоддонҳои ду тараф сари як миз биншинанд, то муҳосиба кунанд, ки оё бумисозии бандубасти мошинолотҳо ба миқдоре, ки ниёз доранд, бо дар назар гирифтани бозори Ӯзбекистон ва Афғонистон, аз назари иқтисодӣ имконпазир ё ғайриамалӣ аст? Фақат шинанду ҳисобу китоб кунанд”
Мизи гирде, ки дар шаҳри Бохтар, маркази маъмурии вилояти бузургтарини Тоҷикистон - Хатлон баргузор шуд, ба мавзуи “Рушди ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаи кишоварзӣ, саноат, икмолот (логистика) ва иқтисоди рақамӣ” ихтисос ёфта буд.
Русия бузургтарин шарики тиҷоратии Тоҷикистон аст, ки тайи 9 моҳи соли равон бо Тоҷикистон 1 миллиарду 50 миллион доллар гардиши молӣ доштааст, аммо саҳми кишоварзӣ дар он хеле кам, ҳудуди 5% арзёбӣ шуд.
Лентаи хабарҳо
0