Саҳми тоҷикон дар дифоъ аз Маскав дар ҶБВ

Субҳи 22-юми июни соли 1941 Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки 1418 рӯзу шаб идома дошт, оғоз шуд
Дар оғози солҳои чилуми асри гузашта аҳолии Тоҷикистон 1 миллион нафар буд. Солҳои ҷанг ба ҷабҳа беш аз 300 ҳазор нафар намояндаи Тоҷикистон эъзом шуд. Аз набард 92 ҳазор нафар барнагашт.
Барои шуҷоат ва қаҳрамонӣ дар набарду муҳорибаҳо бо фашистон 56 ҳазор намояндаи Тоҷикистон бо ордену нишонҳои ҷангӣ, 54 нафар ба унвони баландтарин — Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз ва 15 нафар соҳиби се ордени Шуҷоат шуданд.
Солҳои ҷанг мардуми дорои ихтисоси мухталиф шабу рӯз дар ақибгоҳ барои таъмини артиш бо хӯрокворӣ, либос ва маҳсулоти дигар фаъолият мекарданд. Барои кор ба корхонаҳои низомӣ дар ақибгоҳ 45 ҳазор нафар тоҷикистонӣ эъзом шуд.
Дар ин муддат Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба сандуқи ҳимояи шӯравӣ беш аз 1 миллиард рубл, 40 ҳазор пуд гандум, 150 вагон хӯрокворӣ, 532 ҳазор либоси гарм, 123 ҳазору 80 дона пӯсти гусфанд, 993,4 килограмм пашм, беш аз 25 ҳазор метр матоъ ирсол кард.
Ҳамчунин корхонаҳои санъатӣ либоси низомӣ, тир барои ҷабҳа ва чатр барои халабонҳо тавлид мекарданд.

Набард барои Маскав: саҳми Тоҷикистон

Дар яке аз муҳорибаҳои сарнавиштсози Ҷанги Бузурги Ватанӣ — муҳориба барои Маскав тоҷикон, яъне Лашкари 20-уми савораи кӯҳии дорои ордени Парчами сурхи ленинӣ аз Точикистон нақши муҳим бозид.
Дар муҳориба барои Маскав сарбозони лашкари 20-ум аз паҳлуҳои ҷабҳа ҳамла карда, қӯшунҳои душманро аз ақиб нобуд месохтанд, иртиботи онро вайрон мекарданд, сари вақт расонидани тиру тӯп, озуқа ва сӯзишворӣ душвор мешуду дар байни сарбозони душман воҳима меафтод ва онҳо фикр мекарданд, ки ақсоми низомии душман дар ақиби мавқеи онҳо озодона амалиёти ҷангӣ анҷом медиҳанд.
14 ноябри соли 1941 лашкари 20-уми савораи кӯҳии дорои ордени Парчами сурхи ленинӣ аз тобеияти нерӯҳои захиравии Ҷабҳаи ғарбӣ ба артиши 16-ум гузашт.
Лашкар дар хатти Медведково — Приста — Нино — Аксеново, он ҷое ки мавқеи дифоӣ ишғол карда буд, 19 ноябри соли 1941 ба муҳориба оғоз карда, пешравии қувваҳои бартари нерӯҳои фашистиро дар навоҳии Солнечногорск ва истгоҳи Крюково боздошт.
Субҳи 21-уми ноябри соли 1941 лашкар дар хатти Филатово — Кадниково — Савино бо душман ҷангида, 22 ноябр ҳарифро дар ноҳияи Нагово бо як ҳуҷуми ҷавобӣ торумор кард.
Дар муҳорибаҳо барои Маскав зиёда аз 150 нафар аскару афсари лашкар мукофотҳои низомӣ гирифтанд.
Генерал-майор Лев Михайлович Доватор — фармондеҳи сипоҳи 2-юми савораи горд 19 декабр дар муҳорибаҳои назди Руза қаҳрамонона ҳалок шуд.
Баҳодур Искандарович Искандаров – раҳбари сиёсии баталони 20-уми воҳиди низомӣ дар муҳорибаҳои вилояти Маскав иштирок карда, хидматҳои ӯ бо орденҳои Ситораи сурх, Ҷанги Ватанӣ, дараҷаи 1, Парчами сурхи меҳнат, медалҳои Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945 қадрдонӣ шудааст.
Ӯ баъди ҶБВ академики Академияи илмҳои Точикистон шуд.
Дар муҳорибаи вилояти Маскав лашкари 20-уми савораи кӯҳии дорои ордени Парчами сурхи ленинӣ воҳиди 78-уми пиёдагарди олмониҳоро торумор карда, ба қисмҳои лашкари “Сари мурда” ва “Олмони Кабир” талафоти ҷиддӣ ворид кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала