Азри сипоси раисҷумҳури пешини Афғонистон аз Владимир Путин

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин по видеосвязи принял участие в заседании лидеров ОДКБ
Президент РФ В. Путин по видеосвязи принял участие в заседании лидеров ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Обуна шудан
Кишвардори пешини Афғонистон барои қабули 300 донишҷӯ аз Владимир Путин арзи сипос кард
ДУШАНБЕ, 1 дек – Sputnik. Раисҷумҳури қаблии Афғонистон Ҳомид Карзай аз Русия барои интиқоли кумаки башардӯстона ба Кобул ва қабули 300 донишҷӯи афғонистонӣ, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил хоҳанд кард, изҳори сипос кард.
Дар ин бора Карзай дар сафҳаи "Facbook"-и худ навиштааст.
Ӯ ба Русия овардани 300 донишҷӯ аз Афғонистонро, ки бурсия доштанд, як иқдоми муфид ва саривақтии Маскав арзёбӣ кард. Ҳамчунин барои ирсоли 36 тонна кумаки башардӯстона ба Владимир Путин миннатдорӣ баён намуда, зикр кардааст, ки ҳукумати ин кишвар минбаъд ҳам ба ирсоли кумакҳо идома диҳад.
Экстренная гуманитарная помощь МЧС России для борьбы с пандемией COVID-19 в Индии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Ҳавопаймои Русия ба Кобул кумак оварду 380 нафарро аз ин кишвар мебарад - видео
Ёдовар мешавем,рӯзи чаҳоршанбе Маскав боз як бастаи дигари кумакҳои башардӯстонаро ба Кобул интиқол дод ва аз бозгашти 214 нафар, ки шаҳрвандони Русия, Қирғизистон ва донишҷӯёни афғонистонӣ буданд, хабар дод.
Дар ҳамин ҳол Дмитрий Жирнов, сафири Русия дар Кобул ба хабарнигорон гуфт, ин кишар омодааст, боз як бахши бузурги кумакҳои башардӯстонаро ба Афғонистон бирасонад ва ҳамзамон гурӯҳи дигари донишҷӯёни афғонистониро, ки мехоҳанд таҳсили худро дар донишгоҳҳои Русия идома диҳанд, аз он кишвар берун кунад.
Гуфта мешавад, кумаки ироанамудаи Русия аз маводи ғизоӣ ва доруворӣ иборат аст.
Лентаи хабарҳо
0