Тақвими мусалмонӣ барои соли 2022

Мусалмонон дар соли 2022 кадом рӯзҳо идҳои Рамазон ва Қурбонро ҷашн мегиранд? Ба тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон назар андозед
Солшумории мусалмонӣ аз замони ҳиҷрати Расули акрам (с) аз Макка ба Мадина оғоз шудааст.
Ин солшуморӣ дар замони хилофати ҳазрати Умар (р) бо машварати ӯ ва иҷмои саҳоба ҷорӣ мегардад. Аввали соли ҳиҷрии қамарӣ аз моҳи Муҳаррам шуруъ мешавад ва аз солшумории шамсӣ 11 рӯз фарқ дорад, зеро бар асоси ҳаракати Моҳ дар мадори худ ҳисоб мешавад.
Мутобиқи тақвими ҳиҷрии қамарӣ ҳоло моҳи рабеъ-ус-сонӣ, яъне моҳи чаҳоруми соли 1443 аст.
Ҷашнҳои муҳими мусалмононро метавонед дар тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон бубинед.
Таърихи рӯзи моҳҳои мусалмонӣ дар кунҷи поин ва аз моҳҳои солшумории милодӣ дар кунҷи болои тасвирбаён ҷо дода шудаанд.
Ҷашнҳои мусалмонӣ бо ранги сурх ишора шудаанд.
Рӯзҳои ид ҳар сол иваз мешаванд. Рӯзҳои ҷашн, аз ҷумла идҳои Қурбону Рамазон аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар умури дин муайян карда мешаванд. Дар Тоҷикистон ин корро Шӯрои уламо анҷом медиҳад.
Иди Қурбон (Иди Азҳо) яке аз ду иди асосии мусалмонон аст. Онро дар рӯзи 10-уми моҳи зулҳиҷҷаи тақвими қамарии исломӣ таҷлил мекунанд. Ин ид се рӯз идома меёбад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала