Даргирии шадид дар сарҳади Эрону Афғонистон - видео

© AP / Rahmat GulБоевики Талибана патрулируют район Вазир Акбар Хан в городе Кабул, Афганистан
Боевики Талибана патрулируют район Вазир Акбар Хан в городе Кабул, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Миёни нерӯҳои Эрон ва Афғонистон задухӯрд ба амал омад
ДУШАНБЕ, 1 дек – Sputnik. Дар марзи Афғонистону Эрон, дар музофоти Нимрӯз задухӯрди мусаллаҳона рух дод, хабар медиҳад шабакаи телеграммии Sputnik Афғонистон бо такя ба оҷонсии хабарии "Aamaj News".
Тибқи ин гузориш, задухӯрд байни қӯшунҳои сарҳадии Эрон ва толибон ба амал омадааст.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо нерӯҳоро ба майдони набард мекашанд ва эрониҳо аз силоҳи вазнин истифода мекунанд.
Пештар Вазорати умури дохилии ҳукумати толибон гуфта буд, ба зудӣ нерӯҳои вижаи худро ба марзҳои Афғонистон интиқол медиҳад.
Представитель Талибана Забихулла Муджахид (в центре) обращается к СМИ в аэропорту Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2021
Толибон мегӯянд, ба зудӣ дар марзҳо нерӯҳои вижаро ҷо ба ҷо мекунанд
Дар пайи суқути Ҳукумати Афғонистон ба дасти толибон борҳо гузориш шудааст, ки нерӯҳои Покистон ва Эрон вориди Афғонистон шудаанд, аммо толибон ин хабарҳоро рад кардаанд.
Толибон пас аз он ки Амрико дар баҳори соли ҷорӣ эълом кард, нерӯҳои мусаллаҳи худро аз Афғонистон берун мекунад, амалиёти густурда барои ғасби ҳукумат дар ин кишварро оғоз карданд.
Толибон мехоҳанд нерӯи ҳавоие созанд, ки аз кумаки Тоҷикистон вобаста набошад
Рӯзи 15-уми август онҳо бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва президент Ашраф Ғанӣ ин кишварро тарк кард.
Толибҳо: Иҷоза намедиҳем ДИИШ* ба Эрон осеб бизанад
Рӯзи 6-уми сентябр толибон эълон карданд, ки тамоми қаламрави Афғонистонро таҳти назорат қарор додаанд ва 7 сентябр ҳайати ҳукумати муваққатро эълон карданд, ки то ҳол аз ҷониби ягон давлат эътироф нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала