Вуруди боз як бастаи бузурги ваксинаи зидди COVID-19 ба Тоҷикистон

© РФПИ и центра имени Гамалеи / Гузаштан ба хазинаи аксПервая в мире вакцина от коронавируса
Первая в мире вакцина от коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Ҳинд дар чаҳорчӯби механизми COVAX ба сокинони Тоҷикистон ваксинаи иловагӣ барои мубориза бо коронавирус фиристод
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Боз як бастаи ваксинаи зидди коронавирус аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон оварда шуд, хабар медиҳад намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон дар Душанбе.
Ҳиндустон қаблан интиқоли 698 500 вояи иловагии ваксинаи COVID-19 "Astrazeneca"-ро таҳти механизми COVAX, ки аз ҷониби ин кишвар истеҳсол шудааст, тасдиқ карда буд.
Сафорати Ҳинд дар Тоҷикистон дар баёнияе гуфтааст, ки бастаи навбатӣ 30 ноябри соли 2021 вориди Душанбе шуд.
Вакцинация от коронавируса в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
COVID-19: Дар Тоҷикистон беш аз се миллион нафар эмин шуд
Ёдовар мешавем, моҳи марти соли 2021 Ҳиндустон 192 000 вояи ваксинаи "Astrazeneca"- ро дар доираи механизми COVAX ба Тоҷикистон дод.
Ин таъминоти аввалия ба Тоҷикистон имкон дод, ки алайҳи сокинони Тоҷикистон як маъракаи моякӯбии коронавирусро оғоз кунад.
Аз оғози пандемияи COVID-19 Ҳиндустон ба Тоҷикистон 14,5 тонна кумаки башардӯстона барои мубориза ба бемории коронавирус дар шакли доруворӣ ва лавозимот интиқол додааст.
Қобили зикр аст, ки беш аз нисфи сокинони Тоҷикистон аллакай зидди коронавирус моякӯбӣ шудаанд.
Жители Душанбе на улице в масках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
Вазорати тандурустӣ аз эҳтимоли пайдоиши "омикрон" дар Тоҷикистон гуфт
Зиёда аз 2,9 миллион нафар шаҳрванди кишвар (50,4 фоиз) бар зидди COVID-19 тибқи нақша эм карда шуда, зиёда аз 2,5 миллион нафар (43,3 фоиз) вояи дуюми ваксинаро гирифтанд.
Қаблан Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфта буд, ки эҳтимоли паҳншавии як навъи нави коронавируси "омикрон" дар ҷумҳурӣ вуҷуд дорад.
Ӯ аз сокинон даъват кард, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала