Рӯзи аввали зимистон дар Тоҷикистон бо заминларза оғоз шуд

© Sputnik / Игорь Носов / Гузаштан ба хазинаи аксСейсмограф, архивное фото
Сейсмограф, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Дар Тоҷикистон рӯзи аввали зимистон заминларза сабт шуд
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон заминларзаи нав ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон.
Ба иттилои манбаъ, ларзиши замин бо шиддати 4,8 дараҷа дар соати 08:46 ба вақти маҳаллӣ (03:46 ГМТ) ба қайд гирифта шудааст.
Маркази заминларза дар 120-километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе, дар километри 44-уми самти Шарқ, дар ноҳияи Рашт, дар ҳудуди ин минтақа ҷойгир будааст.
Ларзиши замин дар водии Рашт седараҷаӣ будааст.
Сейсмография, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2021
Сабти боз як мавриди заминҷунбӣ дар Тоҷикистон: панҷумин бор аз аввали моҳ
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон гуфтааст, дар натиҷаи заминларза ягон талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст.
Ёдовар мешавем, моҳи ноябр дар кишвар панҷ мавриди зилзила сабт шуда буд.
Охирини он бо шиддати 4,6 балл сабт шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала