Ӯзбекистониҳо Соли Навро танҳо дар доираи хонавода таҷлил мекунанд: дар Тоҷикистон чӣ?

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузаштан ба хазинаи аксПрохожие возле новогодней ёлке
Прохожие возле новогодней ёлке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Дар Ӯзбекистон Соли Нав танҳо дар доираи хонавода таҷлил мегардад. Бо чунин дархост мақомоти ин кишвар ба шаҳрвандон муроҷиат намудаанд
ДУШАНБЕ, 1 дек – Sputnik. Бо қарори Ситоди махсуси ҷумҳуриявӣ Соли Нав дар Ӯзбекистон танҳо дар доираи хонавода таҷлил мешавад. Дар ин бора Вазорати тандурустии ин кишвар хабар додааст.
Манбаъ меафзояд, қарори мазкур ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус имзо шудааст. Илова бар ин ба хотири роҳ наёфтани навъи нави коронавирус, "омикрон" ба ин кишвар чунин маҳдудиятҳо аз ҷониби мақомоти марбута пиёда гардидааст.
Рождественские декорации Белого дома в Вашингтоне  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
Кохи Сафедро барои Соли Нав чӣ гуна оро доданд: акс
Қаблан Ҳукумати Ӯзбекистон дар робита ба авҷи штамми нав равобити ҳавоӣ бо чанд давлатро қатъ намуд. Аз ҷумла, парвозҳо ба Африқо, Намибия, Замбабве, Мозамбик, Мадагаскар, Лесото, Эсватини, Танзания ва Ҳонгконг қатъ шуданд.
Дар ҳамин ҳол мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар мавриди чӣ гуна таҷлил шудани ин ид ягон маълумот ироа накардаанд.
Чанде пеш бо қарори мири шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ оростани арчаи солинавӣ дар майдони марказии Исмоили Сомонӣ шуруъ шуд ва феълан корҳо дар ин хусус идома доранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала