Бонки Осиёии Рушд барои таҷдиди системаи обёрии ноҳияи Ёвонро пул медиҳад

© wikimedia.orgАзиатский банк развития. Архивное фото
Азиатский банк развития. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2021
Кумаки молии ҷудошуда ба афзоиши ҳосилнокии кишоварзӣ дар минтақа мусоидат мекунад
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Бонки Осиёии Рушд боз як кумаки молӣ барои Тоҷикистонро тасдиқ кардааст, мегӯяд дафтари матбуотии ин бонк.
Бонк барои таҷдиди низоми обёрии Ёвон дар ҳавзаи поёни рӯдхонаи Вахш 30 миллион доллар ихтисос додааст.

“Ин лоиҳа ба баланд бардоштани ҳосилнокии кишоварзӣ ва истифодаи об дар низоми обёрии Тоҷикистон мусоидат, онро ба иқлим ва офатҳои табиӣ тобовартар намуда, амнияти озуқавориро афзоиш медиҳад", - гуфт Евгений Жуков, мудири кулли БОР дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ.

Ба андешаи ӯ, ин аввалин сармоягузории бонк дар соҳаи обёрӣ мебошад, ки ба таъмини баробарии гендерӣ бахшида шудааст ва ба занон имкон медиҳад, то дар идораи замину об бештар иштирок кунанд.
Гуфта мешавад, дар доираи лоиҳа каналҳои обёрӣ ва иншооти вобаста ба он таҷдид, насби дастгоҳҳои обкашии каммасраф ва бозсозии обпартоҳо пешбинӣ шудааст.
Доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2021
БОР дар се соли оянда ба Тоҷикистон 462 миллион доллар медиҳад
Технологияҳои нав аз ҷиҳати экологӣ тозатар ва бехатартар буда, дар баробари ин имкон медиҳанд, ки энергия сарфа шавад.
Гуфта мешавад, дар пайи амалӣ шудани иқдом қариб 6700 нафар деҳқон, ки 12 фоизи онҳо зан мебошад, аз беҳтар шудани вазъи обрасонӣ бархурдор мешаванд.
Аз соли 1998 инҷониб Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон ба маблағи 2,2 миллиард доллар кумак, аз ҷумла ҳудуди 1,7 миллиард доллар грант ироа кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала