Ҳалокати ду ноболиғ дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои Тоҷикистон

© Sputnik / Стас ЭтвешМашина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото
Машина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2021
Обуна шудан
Садамаҳои нақлиётӣ ҷони ду кӯдакро гирифту марди 60-соларо дар беморхона бистарӣ кард
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Дар роҳҳои Тоҷикистон дар пайи садамаҳои нақлиётӣ ду кӯдак: яке сесола ва дигаре 9-сола ҳалок шуд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилӣ.
Бино ба гузориши ин ниҳод, кӯдаки 9-соларо ронандаи автомашинаи тамғаи ВАЗ-21063 пахш намудааст.
Ин ҳодисаи нохуш шоми якуми декабр рух додааст. Гуфта мешавад, сокини 49-солаи шаҳри Панҷакент ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҳамин шаҳр бехатарии ҳаракати роҳро риоят карда натавониста, пиёдагарди 9-соларо пахш намудааст.

"Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми дастрас намудан ба беморхона, дар роҳ ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамчунин шаби якуми декабр, соати 01:30-дақиқа дар ноҳияи Муъминобод садамаи дигари маргбор рух додааст.
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2021
Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Чаноқ: Мошини ҳомили се кӯдак чаппа шуд
Ронандаи худрави "Опел-Астра", сокини 45-солаи ноҳияи Муъминобод ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи "Опел-Астра", ки таҳти идораи ронандаи 42 -солаи сокини ноҳияи зикргардида будааст, бархӯрдааст.

"Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", кӯдаки сесола ҷароҳати ҷисмонӣ гирифта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабар.

Мусофири дигари автомашина, марди 60-сола дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0