Шералӣ Кабир: Тоҷикистон лоиҳаи CASA-1000-ро идома медиҳад

© PxhereЛиния электропередачи
Линия электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2021
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар бораи рафти кори лоиҳаи CASA-1000 иттилоъ дод
ДУШАНБЕ, 2 дек – Sputnik. Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гуфт, ба вазъи кунунии Афғонистон нигоҳ накарда, сохтусози лоиҳаи CASA-1000 идома меёбад.
Дар ин бора вазир зимни суханронӣ дар Анҷумани дуюми Авруосиё дар Маскав иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ин тарҳ барои Тоҷикистон судманд аст.

"Он метавонад дар тобистон нерӯи барқи изофиро на танҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки ба Покистону Афғонистон, ки бахусус дар фасли тобистон ба нерӯи барқ ​​ниёз доранд, фурӯшад", - гуфт Шералӣ Кабир.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи CASA-1000 шароити интиқоли нерӯи барқ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубиро фароҳам мекунад.
Министр энергетики РФ Александр Новак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2021
Даъвати Новак аз Тоҷикистон барои бозгашт ба низоми ягонаи энержии ОМ
Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон кишварҳое мебошанд, ки дар татбиқи лоиҳаи CASA-1000 иштирок доранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала