КДАМ сокинони Фархорро аз таҳдидҳои Афғонистон ҳушдор дод

© Sputnik / Семиряга / Гузаштан ба хазинаи аксСолдат вооруженных сил Таджикистана на границе с Афганистаном, архивное фото
Солдат вооруженных сил Таджикистана на границе с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2021
Сокинони Фархорро аз таҳдидҳои терроризму экстремизм ва гардииши маводи мухаддир аз тарафи Афғонистон ҳушдор доданд
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Намояндагони КДАМ-и Тоҷикистон бо сокинони ноҳияҳои наздисарҳадӣ мулоқот ва онҳоро ба зиракии сиёсӣ даъват кардаанд.
Дар ин вохӯрӣ намояндагону собиқадорони қӯшунҳои сарҳадӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, раисон, имомхатибон ва сокинони ҷамоатҳои наздисарҳадии ноҳия масъалаи таҳдиди терроризму экстремизм, пешгирӣ аз пайвастани шаҳрвандон ба ташкилоту ҳаракатҳои террористию ифротиро баррасӣ карданд.
На таджикский-афганской границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
КДАМ аз вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон гуфт: нигаронӣ вуҷуд надорад
Кормандони КДАМ гуфтанд, вазъи имрӯзаи Афғонистон талаб мекунад, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо такя ба маркази матбуотии раёсати ноҳияи Фархор.

"Мушкилоти дигари бо вазъи Афғонистон алоқаманд ин муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад. Ба ҳама маълум аст, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухадир яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризми байналмилалӣ ва барпокунандаи нооромиҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад", - зикр шуд дар мулоқот.

Дар ин мулоқот гуфта шудааст, ки ҳифзи пурраи сарҳад ин таъмини истиқлол, ваҳдат, манфиати миллӣ ва иқтисодиёти он мебошад.
"Сарҳадбони тоҷик имрӯз на фақат марзи аҷдодии худро ҳимоя мекунанд, балки барои зиндагии оромонаи кишвар ва мардуми худ масъулияти хеле зиёд бар дӯш дорад", - таъкид шудааст дар ин дидор.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала