Анҷумани дуюми Авруосиё дар Маскав - пахши мустақим анҷом ёфт

Дар Маскав Анҷумани дуюми кишварҳои Авруосиё ҷараён дорад
Мутахассисон дар пойтахти Русия дар ғурфаи 57-уми ВДНХ ҷамъ омадаанд. Интизор меравад, ки дар ин ҳамоиш нахуствазири Русия Михаил Мишустин суханронӣ кунад.
Дар ҷараёни мулоқот коршиносон роҳҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои узви БОР-ро баррасӣ мекунанд.
Ин нишаст бо ибтикори Бонки Рушди Авруосиё (БОР) ва дастгирии Ҳукумати Федератсияи Русия баргузор мешавад.
Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзодаву вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир намояндагӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, нахустин анҷумани Авруосиё як сол пеш баргузор шуда буд. Дар он Мишустин пешниҳод кард, ки фазои ягонаи рақамии кишварҳои узви ИА таъсис шавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала