Маскав аз коҳиши шадиди муҳоҷирон дар умури хоҷагии манзилию коммуналӣ хабар дод

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузаштан ба хазинаи аксСотрудники коммунальных служб убирают снег на улице Москвы
Сотрудники коммунальных служб убирают снег на улице Москвы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2021
Коҳиши 40-дарсадии муҳоҷирон дар бахши манзилию коммуналии Маскав ба назар мерасад
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Саҳми муҳоҷирони корӣ дар хоҷагии манзилию коммуналии Маскав ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст, гуфт муовини раиси пойтахт Пётр Бирюков дар мусоҳиба бо “Российская газета”.
Ба гуфтаи вай, шумори муҳоҷирон дар бахши манзилию коммуналии пойтахт 40 дарсад, аз 100 ҳазор ба 60 ҳазор коҳиш ёфтааст.
Вай ҳамчунин афзуд, на танҳо муҳоҷирон кам мешаванд, балки теъдоди умумии афроде, ки дар ин соҳа кор мекунанд, аз 600 ҳазор то 450 ҳазор нафар расидааст.

"Ин, аз ҷумла, ба шарофати истифодаи технологияи нав, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, ташкили раванди дурусти кор ба даст омад", — илова кард муовини раиси Маскав.

Ба гуфтаи ӯ, муҳоҷирон на танҳо ба ҳайси тамизкор, балки челонгару рангмол ҳам кор мекунанд.
"Мо барои онҳо тамоми шароити зарурии маиширо фароҳам меоварем. Онҳо дар шаҳракҳои обод зиндагӣ мекунанд ва бо хидматрасонии тиббӣ дастрасӣ доранд", — шарҳ дод манбаъ.
Қаблан раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин хостори коҳиши шумори муҳоҷироне, ки дар бахши манзилию коммуналии пойтахт кор мекунанд, шуда буд.
Строительство Деревни Универсиады-2023 в Екатеринбурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Вазорати рушди иқтисод: Муҳоҷирон дар Русия маошро боло мебаранд
Дар ҳамин ҳол ӯ ҳамчунин аз коҳиши шумори муҳоҷирон дар сохтмонҳо хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, шумори муҳоҷирон дар сохтмонҳои Маскав, ҳадди ақал дар шаҳр беш аз ду баробар коҳиш ёфтааст.
Ҳамзамон ба муовини нахуствазири Федератсияи Русия Марат Хуснуллин пешниҳод шудааст, ки муҳоҷирон дар кори сохтмонҳои Русия ба донишҷӯёни донишгоҳу коллеҷҳои тахассусӣ иваз шаванд.
Гуфта мешавад, бо ин роҳ дар ин кишвар якбора ду масъаларо ҳал кардан мумкин аст: нарасидани коргарон дар сохтмонҳо ва ба қадри кофӣ омода кардани донишҷӯён ба кор аз рӯи ихтисосашон.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала