Назари Гинсбург дар бораи истифодаи ҳамзамони ваксинаҳо

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузаштан ба хазинаи аксРоссийская вакцина "Спутник Лайт"
Российская вакцина Спутник Лайт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2021
Истифодаи ҳамзамони “Спутник лайт” ва ваксинаи димоғӣ алайҳи коронавирус имконпазир аст
ДУШАНБЕ, 2 дек - Sputnik. Аз вуҷуди имкони истифодаи ҳамзамони “Спутник лайт” ва ваксинаи димоғӣ Александр Гинсбург, мудири Маркази миллии таҳқиқи эпидемиологӣ ва микробиологии ба номи Гамелея дар суҳбат ба РИА “Новости” иттилоъ додааст.
“Ин барои инсон музир нахоҳад буд”, - гуфтааст ӯ.
Дар миёнаҳои моҳи октябр маълум шуд, ки Вазорати беҳдошти Русия таҳқиқи клиникии SPRAY 08-Гам-КОВИД-Вак-2021 аз силсилаи “Спутник”-ро иҷозат додааст.
Ба гуфтаи оқои Гинсбург, ҳич таъсири ҷонибие дар ин навъи ваксина шиносоӣ нашудааст. Ба қавли Денис Логунов, муовини ӯ, ин иқдом бидуни дард ва бо ҳадафи эҷоди монеае дар шакли масуният дар роҳҳои танаффусӣ хоҳад буд.
Ба иттилои манбаъ, дар охири моҳия ноябр Владимир Путин муҷаддадан ваксинаи “Спутник лайт” гирифт ва ҳамчунин пас аз чанд рӯз аз ваксинаи димоғӣ истифода кард. Ба гуфтаи раисҷумҳури Русия, ҳеҷ нороҳатие пас аз истифода аз ваксинаи димоғӣ эҳсос нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала