Даъвати Новак аз Тоҷикистон барои бозгашт ба низоми ягонаи энержии ОМ

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузаштан ба хазинаи аксМинистр энергетики РФ Александр Новак, архивное фото
Министр энергетики РФ Александр Новак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2021
Муовини сарвазири Русия Александр Новак мехоҳад, ки Тоҷикистон ба низоми ягонаи энержии Осиёи Марказӣ баргардад
ДУШАНБЕ, 2 дек – Sputnik. Муовини сарвазири Русия, вазири энергетикаи собиқи Русия Александр Новак Тоҷикистонро ба бозгаштан ба низоми ягонаи энержии Осиёи Марказӣ даъват кард.
Ӯ ин пешниҳодашро зимни суханронӣ дар Анҷумани дуюми Авруосиё дар Маскав ироа кард.
Ба гуфти Новак, ӯ барои сармоягузорӣ дар тарҳҳои энержии Осиёи Марказӣ аллакай дастур додааст.
Вазири рус афзуд, ҳоло кишварҳо бар сари ташкили бозори умумии нерӯи барқ ​​ва ҳамчунин бозгашти Тоҷикистону Туркманистон ба ҳалқаи энержии Осиёи Марказӣ кор мекунанд.
Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2021
Душанбе ба Афғонистон барқ медиҳад? Аз шарҳи лимиту музокирот бо толибҳо то шартҳои фурӯш
Модели нави энержӣ дар Осиёи Марказӣ соли 1997 ташаккул ёфт, ҳарчанд он аз солҳои 1980-ум таҳия шудааст.
Ба он Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва ҷануби Қазоқистон дохил мешаванд.
Низоми ягонаи энержии Осиёи Марказӣ аз 83 истгоҳ борат буд.
Соли 2003 Туркманистон ҳалқаи энержиро тарк карда гуфт, қодир аст, худро бо нерӯи барқ таъмин кунад.
Электростанция, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2020
Вазорати энержӣ: тавлиди барқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфт
Ин низом соли 2009 мавҷудияти худро қатъ кард, аммо соли 2019 дубора барқарор карда шуд.
Дар ҳоли ҳозир он Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон шомил мешавад, аммо то ҳол дар Осиёи Марказӣ як маркази ягонаи сиёсӣ ва иқтисодӣ вуҷуд надорад ва манофеи давлатҳои мустақил, аз ҷумла дар бахши энержӣ дар аксари вақт мухталиф арзёбӣ мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала