Дар Қирғизистон вакилонро аз мошини хидматӣ маҳруму маошашонро кам карданд

© Sputnik / Сергей ГунеевПортфель, архивное фото
Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2021
Қаблан ба вакилони парлумон барои иҷораи манзил ҷубронпулӣ дода мешуд. Бо ин фармон ҷубронпулӣ ва мошинҳои хидматӣ ҳазф шудаанд.
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон фармон "Дар бораи тадбирҳои беҳинасозии хароҷоти буҷаи ҷумҳуриявӣ, боло бурдани самари истифодаи маблағҳои буҷа аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва маҳаллӣ"-ро имзо кард.
Ба иттилои Sputnik Қирғизистон, ин фармон маҳдудиятҳоеро барои вакилони парлумони ин кишвар пешбинӣ мекунад.
Дар чаҳорчӯби ин фармон маоши вакилони Жогорку Кенеш кам шуд.
Ҳамакнун маоши расмии раиси парлумон 30 ҳазор ва аз ҷойнишини ӯ 27 хазор сом муқаррар шуд.
Заседание Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
Қасри пешини Содир Ҷабборов ба фурӯш гузошта шуд - нархаш чанд аст?
Роҳбарони фраксияҳо ва раисони кумитаҳои парлумон 26 ҳазор ва вакилон бошанд, 25 ҳазор сом мегиранд.
Гуфта мешавад, ин фармон оғози сиёсати нав - сарфаи оқилонаи хароҷи маблағҳои буҷа аз ҷониби мақомоти давлатӣ мебошад.

"Ин созукорро бо чунин талаботи маълум тавсиф кардан мумкин аст: "Давлат бояд дар доираи имкониятҳои худ зиндагӣ кунад, яъне ба ибораи дигар сарфаи умумии хароҷи буҷаи давлатӣ барои ҳифзи дастгоҳи давлатӣ", - гуфта мешавад, дар иттилоияи дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Қирғизистон.

Дастгоҳи раёсатҷумҳурии Қирғизистон дар шарҳи ин тасмим гуфт, ин таҷриба дар кишварҳои мухталиф дар давраи ислоҳоти душвори иқтисодӣ ҳамеша муваффақ татбиқ мешуд.
Зери шиори "Дар доираи имконҳои худ зиндагӣ кунем!" ислоҳоти идорие дар кишварҳои Назди Балтик, Аврупои Шарқӣ ва Марказӣ (Эстония, Латвия, Лаҳистон, Чехия, Венгрия) муваффақ анҷом шудааст.

"Масалан, қаблан ба вакилони парлумон ҷубронпулӣ барои манзил пардохт мешуд. Бо ин фармон мошинҳои хидматӣ, ҷубронпулӣ истисно шуда, манзилҳои хидматии мавҷуд байни вакилоне дар парлумон, ки манзил надоранд, тақсим мешавад", - таъкид кардааст дафтари матбуотии раёсатҷумҳурӣ.

Танҳо ба вакилоне, ки мошини шахсӣ надоранд, ҳамчунин ба раисҷумҳур ва муовинони ӯ мошини хидматӣ дода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала