Рейтинги нави ҷудо: паҳлавони тоҷик якбора 110 зина боло рафт

© Sputnik / Амир ИсаевСоревнования по дзюдо в Таджикистане
Соревнования по дзюдо в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2021
Обуна шудан
Дар рейтинги нави ҷудо мавқеъҳо аз рӯи натоиҷи мусобиқаи охирини АМА таҳия шуданд
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Пас аз анҷоми мусобиқаи ҷудо дар Абузабӣ федератсия рейтинги ниҳоии қавитарин варзишгарони ҷаҳонро нашр кард.
Ин раддабандии ниҳоии сол дар байни калонсолон аст ва то охири мавсим дигар тағйир намеёбад.
Натиҷаи беҳтарин дар раддабандии ҷаҳонии ҷудочиёни тоҷик ба Темур Раҳимов дар вазни +100 кг тааллуқ дорад. Ӯ 3235 хол ба даст оварда, дар вазни худ ҷои 8-умро ишғол кард. Ӯ дар радабандии нав як зина боло рафт.
Ҷойи дувумро аз Тоҷикистон Комроншоҳи Устопириён ишғол кард. Ӯ якбора чаҳор зина боло рафт ва ҳоло дар вазни 90 кг бо 2497 имтиёз дар ҷойи 13-ум қарор дорад.
Бой Комроншоха Устопириёна против Мансура Лорсанов за золото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2021
Навори сабқати Устопириён барои медали тило дар мусобиқаи "Тоскулоҳи бузург" - видео
Ҷудочии тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни 73 кило мақоми 19-уми худро нигоҳ дошт, ӯ 2257 имтиёз дорад.
Дар раддабандӣ миёни варзишгарони тоҷик Шаҳбоз Саидаброров дар вазни 60 кило чаҳорум шуд. Ӯ бо 890 имтиёз (як зина поин рафт) дар ҷои 46-ум аст.
Панҷгонаи беҳтаринро дар вазни 81 кило Акмал Муродов ба даст овард. Вай дар зинаи 55-ум ва 658 хол дорад.
Дар ин радабандӣ ҷаҳиши аз ҳама бузургро Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни 90 кг касб кард. Пас аз мусобиқа дар АМА ӯ ба 110 зина баромад. Ҳоло вай дар ҷаҳон бо 358 хол дар ҷои 58-ум қарор дорад. Миёни ҷудочиёни тоҷик шашум аст.
Беҳрӯз Ҳоҷазода, ки ба далели захм бардоштан бештари мавсимро аз даст додааст, дар вазни 73 кило бо 580 имтиёз дар ҷои 60-ум қарор дорад. Шакармамад Мирмамадов бошад, дар вазни +100 кг бо 258 имтиёз дар ҷои 72-юм қарор дорад.
Темур Рахимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2021
Раҳимов дар Абузабӣ барандаи медали биринҷӣ шуд - видео
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи ахири ҷаҳонӣ, ки дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ барпо шуд, се медал ба даст овард.
Комроншоҳи Устопириён дар финал аз ҷудочии рус Мансур Лорсанов шикаст хӯрда, медали нуқра гирифт.
Ҷаҳонгир Маҷидов дар рақобат барои медали биринҷӣ бар паҳлавони қирғиз Эрлан Шеров пирӯз шуд.
Темур Раҳимов низ дар набард бо паҳлавони рус Валерий Андовитский медали биринҷӣ гирифт.
Лентаи хабарҳо
0