Расонаҳо: Макрон Ҷонсонро масхарабоз гуфт

© AP / JESSICA TAYLORПремьер-министр Великобритании Борис Джонсон
Премьер-министр Великобритании Борис Джонсон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2021
"Sky News" менависад, президенти Фаронса Макрон сарвазири Бритониё Борис Ҷонсонро масхарабоз номид
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон сарвазири Бритониё Борис Ҷонсонро масхарабоз номид ва ҳамкорӣ бо ӯро ба сирк муқоиса кард, хабар медиҳад "Sky News" бо истинод ба ҳафтаномаи ҳаҷвии фаронсавии "Canard Enchaine".
Ба навиштаи нашрия, Макрон ин назарашро дар ҷараёни боздидаш аз Хорватия дар рӯзҳои 24-25-уми ноябр гуфта буд. Шабакаи телевизионӣ ёдовар мешавад, ки боздид чанд соат пас аз чаппа шудани киштии ҳомили муҳоҷирон дар Пас-де-Кале шуруъ шуд.
Дафтари матбуотии нахуствазири Бритониё 24 ноябр гуфт, Ҷонсон ва Макрон ба мувофиқа расиданд, ки ҳама корро барои қатъи интиқоли ғайриқонунии муҳоҷирон тавассути Ла-Манш анҷом диҳанд.

"Мо суҳбатҳо доштем, вале чун ҳамеша муколамаи мо як сирк аст. Дидани чунин як кишвари бузург... бо роҳбарии масхарабоз бисёр аломовар аст", - иқтибос кардааст маҷалла суханони Макронро.

"Canard Enchaine" ҳафтаномаи ҳаҷвии фаронсавӣ аст, ки бо таҳқиқоти рӯзноманигории худ маъруф мебошад.
Премьер-министр Борис Джонсон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2021
Нашри нахустин акс аз арӯсии махфии Борис Ҷонсон ва Кэрри Симондс
Ҳамин тавр дар ҷараёни маъракаи интихоботи президентии соли 2017 нашрия навишт, ки ҳамсари сарвазири собиқ Франсуа Фийон ҳашт сол ба ҳайси ёвари сохтаи ӯ дар парлумон маош гирифтааст. Ин масъала ба муҳокимаҳои додгоҳӣ расид, ки дар натиҷа Фийон дар тасарруфи маблағҳои давлатӣ гунаҳкор дониста шуда, ба панҷ соли зиндон маҳкум гашт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала