Шералӣ Кабир: Фурсати қудратгирии Тоҷикистон нав фаро расид

© SputnikШералӣ Кабир - вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар Маскав
Шералӣ Кабир - вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2021
Вазири тоҷик мегӯяд, Тоҷикистон акнун метавонад бо тавлиди энержии сабз дар ҷаҳон пешрафт кунад
ДУШАНБЕ, 2 дек – Sputnik. Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гуфт, фурсат барои тавлиди энержии сабзи Тоҷикистон нав фаро расид ва ин имкони хубест барои пешрафт дар арсаи ҷаҳонӣ.
Ин андешаро вазир дар чорчӯби Анҷумани дуюми Авруосиё дар Маскав дар суҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон изҳор кард.
Ба гуфтаи Шералӣ Кабир, чаҳор фоизи қудрати тавлиди энержии сабзи ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ҷойгир аст, вале кишвар танҳо панҷ фисади онро истифода мекунад.

"Имрӯз равандҳое, ки дар дунё ҷараён дорад, ба он оварда мерасонанд, ки соҳаи энержии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятнок бошад. Тамоми қудрати давлати мо дар ҳамин аст ва он метавонад маблағ биёрад", - гуфт вазир дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфтаи Шералӣ Кабир, 98 фоизи тавлиди нерӯи барқи Тоҷикистон тоза аст ва маҳсулоте, ки бо энержии сабз истеҳсол мешавад, дурии кишвар аз бозори ҷаҳониро ҷуброн мекунад.
Линия электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2021
Шералӣ Кабир: Тоҷикистон лоиҳаи CASA-1000-ро идома медиҳад
Вазир ба масъалаи нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" дахл карда гуфт, зимни пурра ба истифода додани он на танҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои минтақа низ аз он фоида мебинанд.
Даъвати Новак аз Тоҷикистон барои бозгашт ба низоми ягонаи энержии ОМ
"Роғун на танҳо кишварҳои минтақаро бо об таъмин мекунад, балки заминҳои навро обёрӣ менамояд. Ва аз ҳисоби ин заминҳо бозори Русия соҳиби маҳсулот мегардад", - бовар дорад вазир.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала